Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer
Март
2026

Новости за 19.03.2026

Ozodi.org 

Афзоиши ҳамлаҳо ба таъсисоти маводи сӯхт дар кишварҳои Халиҷи Форс

Исроил шаби 18-уми март ҳамлаҳояшро болои Эрон афзоиш дода, гуфт, ба қисмати шимолии ин кишвар зарбаҳои мушакӣ зад. Расонаҳои Исроил хабар доданд, ки киштиҳои эронӣ дар соҳилҳои Баҳри Хазар мавриди ҳадаф қарор гирифтанд. Феълан тасдиқи дурустии ин гузоришҳо имкон надорад ва таъсири ҳамлаҳо ҳамчунон маълум нест. Дар ҳамин ҳол, бисёриҳо дар дохили Эрон аз идомаи ҷанги Исроилу Амрико алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ эҳсоси ноумедиву тарс доранд. Як сокини Теҳрон гуфт, бисёр чиз дар ин шаҳр дигар шудааст. Дар... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 19-уми марти соли 2026

Афсари гумонбар дар куштори сокини Ванҷ боздошт шудааст. Мушакборони конҳои нафту гази кишварҳои Халиҷ баъди оташборони Порси Ҷанубии Эрон. Чаро нерӯгоҳҳои хурд дар Кӯлоб аз кор мондаанд? Freedom House мегӯяд, Тоҷикистон бо рукуди нишондодҳои демократӣ рӯбарӯст.

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 19-уми марти соли 2026 (Пахши зинда)

Ахбори Озодӣ аз 19-уми март: Афсари гумонбар дар куштори сокини Ванҷ аз ҷониби додситонӣ боздошт шудааст Мушакборони конҳои нафту гази кишварҳои Халиҷ баъди оташборони Порси Ҷанубии Эрон Мақомот дар Кӯлоб нирӯгоҳҳои хурди азкормондаро дубора фаъол карданианд Freedom House мегӯяд, Тоҷикистон бо рукуди демократӣ рӯ ба рӯ аст.

Ozodi.org 

Бозии тимҳои ҷавонону наврасони Тоҷикистон дар Ҳиндустон, Чин ва Қирғизистон

Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии Мубин Эргашев дар мусобиқаи байнулмилалии “The U-23 Tri Nation International Football Tournament 2026”, ки дар Ҳиндустон сурат мегирад, ширкат меварзад.

Ozodi.org 

"Сояи афзояндаи худкомагӣ". Танқиди Freedom House аз ҳукумати Тоҷикистон

Freedom House ё Хонаи Озодӣ мегӯяд, Тоҷикистон дар бист соли гузашта бо рукуди башиддати нишондодҳои демократӣ рӯ ба рӯ шудааст. Гузориши ин созмони байнулмилалӣ рӯзи 19-уми март бо номи "Озодӣ дар ҷаҳон. Сояи афзояндаи худкомагӣ" нашр шуд.

Ozodi.org 

Омодагӣ ба як нишасти дигар дар бораи об дар Тоҷикистон

Тоҷикистон аз 25 то 28-уми майи имсол мизбони як нишасти байнулмилалӣ дар мавриди об хоҳад буд. Саноӣ Бойзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 18-уми март дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе ҳадафи онро баён дошт. “Бо вуҷуди пешрафти назаррас миллиардҳо нафар ба оби ошомидании бехатар дастрасӣ надоранд. Тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ ва хатари афзояндаи офатҳои табиӣ ба захираҳои об фишори бесобиқа меоранд,” – гуфт ӯ. Тоҷикистон нишастро дар ҳамкорӣ бо Созмони Милал баргузор мекунад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Трамп гуфт, дар ҳамла ба майдони гази Порси Ҷанубӣ ҳеч нақш надоштанд 

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, эълом кард, ки ҳамла ба майдони гази Порси Ҷанубии Эрон тавассути Исроил анҷом шуд ва Иёлоти Муттаҳида ва Қатар ҳеч нақше дар он надоштаанд. Трамп дар шабакаи иҷтимоиаш навишт, Вашингтон аз ин ҳамла иттилоъ надошт ва Қатар низ комилан бехабар буд. Раисҷумҳури Амрико ҳушдор дод, ки дар сурати ҳамлаи дубораи Ҷумҳурии Исломӣ ба Қатар, Амрико майдони гази Порси Ҷанубиро “ба таври густарда” ҳадаф қарор хоҳад дод. Ба гуфтаи ӯ, Исроил низ дигар ба ин таъсисот ҳамла нахоҳад кард... Читать дальше...

Ozodi.org 

"Аз саҳар то бегоҳ меҷунбем, хароҷот бисёр." Тоҷикон аз кадом ҳисоб рӯз мегузаронанд?

Як ниҳоди расмӣ кори сокинон, нафақа ва кумакпулиҳоро сарчашмаи даромади мардум дар Тоҷикистон номида, вале дар бораи пули фиристодаи муҳоҷирон аз Русия ва кишварҳои дигар ҳарфе нагуфтааст. Дар асл, тоҷикистониҳо чӣ қадар даромад доранд ва чӣ гуна рӯз мегузаронанд?

Ozodi.org 

Оташбаси муваққат миёни Покистон ва Толибон ба муносибати Иди Фитр

Покистон ва ҳукумати Толибон дар Афғонистон, шаби гузашта эълон карданд, ки ба муносибати Иди Фитр, бо дархости Арабистони Саудӣ, Қатар ва Туркия муваққатан оташбас карданд. Атоуллоҳ Тарар, вазири иттилооти Покистон чоршанбеи 18 март гуфт, ин оташбас аз панҷшанбе то нимашаби душанбе иҷро хоҳад шуд. Ӯ дар шабакаи Х навишт, "Покистон ин иқдомро ҳамчун ҳусни ният ва дар ростои риояи арзишҳои исломӣ анҷом медиҳад". Аммо Атоуллоҳ Тарар ҳушдор дод, ки "дар сурати ҳар гуна ҳамлаи фаромарзӣ, ҳамлаи паҳбодӣ ё ҳар ҳодисаи террористӣ дар дохили Покистон... Читать дальше...

Ozodi.org 

Тоҷикистон $187 млн қарзашро дод, аммо мехоҳад боз қарз гирад

Соли 2025 Тоҷикистон 187 миллион доллар қарзи хориҷиашро кам кардааст. Вазорати молияи Тоҷикистон дар гузориши ахираш навиштааст, ба ҳолати 1 январи соли 2026 қарзи хориҷии Тоҷикистон 3 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки ба 17,1 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар аст. Соли гузашта Тоҷикистон асосан қарзашро дар назди "Эксимбонк"-и Чин ва аз ҳисоби евробондҳо кам кардааст. Аз ҷумла, қарзи Душанбе аз "Эксимбонк"-и Чин аз 820 миллион доллар ба 737 миллион доллар кам шудааст. Ин бонки чинӣ бузургтарин қарздиҳандаи Тоҷикистон мебошад. Читать дальше...




Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *