Валиаҳди Саудӣ Эронро масъули ҳамла ба киштиҳои нафткаш номид
Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Шоҳи Арабистони Саудӣ рақиби кишвараш Эронро ба ҳамла ба ду киштии нафткаш дар Халиҷи Уммон муттаҳам кард. Ӯ гуфт, кишвараш “ба ҳар таҳдид ба зидди мардум ва манофеаш муқобила мекунад.” Эрон ин иддаҳоро рад кардааст.