Русия шумораи муҳоҷиронро зиёд, вале Тоҷикистон кам мегӯяд. Омори воқеӣ кадом аст?
Шумораи дақиқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия муодилаи ҳалношудаеро мемонад. Мақомоти Русия як омор ва Тоҷикистон рақами дигареро пешкаш мекунанд, ки аз якдигар фарқи калон дорад. Оморе, ки мақомоти рус меоранд, шумори муҳоҷиронро ба маротиб бештар нишон медиҳад.