Мы в Telegram
Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Боздошти Мулло Садриддин баъди 7 моҳи бозгашт ба Тоҷикистон. ВИДЕО

Боздошти Мулло Садриддин баъди 7 моҳи бозгашт ба Тоҷикистон. ВИДЕО

Cадриддин Муллоев, муттаҳам ба узвият дар созмони мамнӯи "Ҷамоати таблиғ", ки ба гуфтаи наздиконаш бо ваъдаи афв ба Тоҷикистон баргашта буд, боздошт шудааст. Мақомоти интизомӣ ин қазияро шарҳ намедиҳанд, аммо наздикони Муллоев гуфтанд, ӯ як ҳафта аст, ки дар боздошт аст. 

Наздикони Cадриддин Муллоев, сокини 35-солаи шаҳри Кӯлоб дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Муллоевро рӯзи 21-уми сентябр ба  Додситонии кулл барои пурсиш даъват намуда, дастгир кардаанд. Вале дар ин ниҳод аз шарҳи боздошти Муллоев худдорӣ намуданд.

Хайриддин Муллоев, падари Садриддин рӯзи 26-уми сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, фарзандаш бо ваъдаи мақомот бовар карда, аз шаҳри Истанбули Туркия ба Душанбе баргашта буд. Ӯ афзуд: "Ба ваъдаву ҳарфҳои Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили вазорати корҳои дохилӣ бовар карда омад ва ҳафт моҳ ба зиндагии маъмулӣ машғул буд. Намедонем барои чӣ боз додситонии кулл ӯро боздошт кардааст. Дар боздоштгоҳи Душанбе нигаҳдорӣ мешавад."

Неъматулло Муллоев, бародари Садриддин Муллоев ҳам ба Радиои Озодӣ гуфт, бо гузашти қариб як ҳафта сабаби боздошти бародарашонро ба онҳо шарҳ надоданд ва иҷозаи мулоқот бо ӯро низ надоранд. Танҳо иттилое, ки хонавода пайдо кардааст, ин аст, ки қазияи Муллоев "дар баррасӣ қарор дорад."

 

Дар Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона ба Радиои Озодӣ гуфтанд, афроде, ки ба зидди онҳо парванда боз шудаасту бо хоҳиши худ ба Тоҷикистон бармегарданд, набояд боздошт шаванд. Масъулини ин ниҳод гуфтанд, боздошти Садриддин Муллоевро таҳқиқ намуда, баъдан иттилои бештар хоҳанд дод, ки бо чӣ далел дастгир шудааст.

Боздошти Садриддин Муллоев дар ҳолест, ки ӯ пас аз ба Душанбе омадан дар як навори видеоӣ, ки Вазорати умури дохилӣ таҳия кард, мегӯяд, баъди баргаштан ба кишвар мавриди афв қарор гирифтааст. Ӯ дар ин навор, ки моҳи феврали соли равон дар шабакаи Ютуб пахш шуд, мегӯяд,  "бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ, бо моддаҳои 307, 187 ва 401-и Кодекси ҷиноӣ нисбаташ парвнда боз шуда буд ва баъд аз сӯҳбатҳо бо кормандони УБОП ба мақсади афв шудан, бо хоҳиши худ баргаштааст". Ин моддаҳои Кодекси ҷиноӣ ҷавобгариро барои кирдорҳои даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ ва зархаридӣ пешбинӣ намудааст. 

Муллоев он замон дар навори видеоӣ таъкид мекунад, ки ҳоло аз узвият дар созмони "Ҷамоати таблиғ" пушаймон аст ва аз он даст кашида ба зиндагии оддӣ рӯ овардааст. Вай аз афроди дигаре, ки дар хориҷ аз кишваранду нисбаташон парванда боз шудааст, даъват кардааст, ки ба Тоҷикистон баргарданд, мақомот онҳоро низ афв хоҳанд кард.

"Ҷамоати таблиғ" як созмони мазҳабист, ки бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияташ дар ҳудуди кишвар аз соли 2006 мамнӯъ эълон шудааст. Даҳҳо пайрави ин созмон аз шаҳру навоҳии мухталифи Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шудаанд.

Садриддин Муллоев соҳиби чаҳор фарзанд буда, домоди руҳонии маъруф Мулло Ҳайдар Шарифзода аст. Ӯро дар шаҳри Кӯлоб бо номи мулло Садриддин мешиносанд. Муллоев ба гуфтаи наздиконаш соли 2013 ба Русия сафар мекунад ва баъди як соли муҳоҷират ба Туркия меравад. Ба қавли наздиконаш, пас аз 5 соли зиндагӣ дар Туркия бо даъвати мақомоти Тоҷикистон, соли 2019 ба кишвар бармегардад. Худи ӯ дар навори видеоии мақомот тасдиқ мекунад, ки аъзои созмони мамнуи "Ҷамоати таблиғ" буд. Маълум нест, ки ин видео дар чӣ шароит сабт шуда, эътирофии Садриддин Муллоев ба узвият дар созмони мамнуъ ихтиёрӣ аст. 

Давлати Тоҷикистон соли 2014 ба Кодекси ҷиноятӣ тағйирот ворид кард, ки бар асоси он, афроди гумонбар дар созмонҳои ифротию террористӣ  дар сурати ба мақомот иқрор шудан ва изҳори пушаймонӣ кардан, афв мешаванд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар оғози соли равон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур дод, ки афроди, ба гуфтаи ӯ, "гумроҳшуда"-ро аз хориҷ ба ватан баргардонанд.  Дар гузашта хабарҳо дар бораи афроде, ки ба нияти афв шудан аз хориҷ ба кишвар омада, аз ҷониби мақомот боздошт шуданд расонаӣ шудааст.

Қаблан наздикони Муҳтадӣ Абдулқодиров, писари бародари раиси Шурои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода низ гуфта буданд, ки Муҳтадӣ охири ноябри соли гузашта бо ваъдаи афв аз Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон баргашт, вале боздошт ва аз рӯи моддаи 307, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гумонбар эълон шуд. Ҳарчанд баъдан хабарҳо пахш шуд, ки Муҳтадӣ Абдулқодиров шартан аз боздошт раҳо шуд. 

Бархе аз ҳуқуқшиносон мегӯянд, афроде, ки ба умеди ваъдаи афв ба Тоҷикистон бармегарданду бидуни шарҳу тавзеҳи бештар боздошт мешаванд, бо чунин шеваи кор барномаи бозгашти ихтиёрӣ ва замонати афв ва озод шудани гумонбарони дигар зери савол меравад.

Читайте на 123ru.net


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

Такси с подзарядкой. Рассказываем о перспективах развития электротакси в Перми

Площадь пожара в автосалоне на севере Москвы увеличилась до 200 "квадратов"

Минспорт России включил в федеральный проект крытый ледовый каток в Абазе

Лучшие диджеи Казани собрались на EVENT DJ BATTLE ПРИВОЛЖЬЕ

Музыкальные новости

В Санкт-Петербурге прошел Кубок ПМЭФ по конкуру

Бурятский Театр кукол Ульгэр в Улан-Улан-Удэ показал в Этнографическом музее народов Забайкалья перед детьми и родителями в семейный праздник сказку Колобок - Новости и Культура, Дети и Россия

РОСГВАРДЕЙЦЫ ЗАДЕРЖАЛИ МУЖЧИНУ С ПОДДЕЛЬНЫМИ ДОКУМЕНТАМИ В МОСКВЕ

Армянские ковры Арцаха (Карабаха) с уникальным орнаментом представлены как «генетический код» Азербайджана - сайт monumentwatch

Новости России

МЧС: Площадь пожара на севере Москвы увеличилась до 200 квадратных метров

Такси с подзарядкой. Рассказываем о перспективах развития электротакси в Перми

Минспорт России включил в федеральный проект крытый ледовый каток в Абазе

Синоптик предрек «мегаливень» в Москве в День России

Экология в России и мире

Адские цены на Сочи и Анапу заставили российских туристов найти новые пути экономии

Hermès, коллекция Resort 2025

Жители Барнаула помогут сделать родной город чище

Немцы решили элегантно кинуть турецкие отели: гостиницы Анталии уже в шоке и угрожают массовыми удержанием туристов

Спорт в России и мире

Ига Свентек в четвертый раз выиграла Открытый чемпионат Франции по теннису

Испанец Алькарас выиграл Открытый чемпионат Франции по теннису

Свёнтек сравнялась с Шараповой по победам на турнирах Большого шлема

Алькарас о титулах на трех разных ТБШ: «Атмосфера везде разная, но ощущения те же. Победа на «Большом шлеме» всегда особенная»

Moscow.media

Трасса М-12 Восток будет продлена до Тюмени в 2025 году

Уникальный интерактивный проект Ставропольской психиатрической больницы на выставке-форуме «Россия»

Роман Старовойт выразил готовность оказывать дальнейшую поддержку в строительстве Ленского моста в Якутии

Работать там, где удобно: беспроводная гарнитура Fstyler BH230 от A4Tech







Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *