Мы в Telegram
Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Бонки Ҷаҳонӣ барои таъмини об дар Хатлон $ 58 млн. тақдим кард

Бонки Ҷаҳонӣ барои таъмини об дар Хатлон $ 58 млн. тақдим кард

Бонки ҷаҳонӣ дар вилояти Хатлони Тоҷикистон рӯзи 25 сентябр татбиқи барномаи наверо шурӯъ кард, ки таъмини об ва меъёрҳои беҳдорӣ ё санитарияро дар манотиқи деҳот дар назар мегирад. Тарҳе бо арзиши 58 миллион доллар ба ҳукумати Тоҷикистон ба ҳайси грант ё кӯмаки бебозгашт дода мешавад ва қарор аст дар давоми панҷ соли оянда дар вилояти Хатлон мушкили дастрасии манотиқи деҳот бо оби тоза ҳалли худро пайдо кунад.

Тарҳи мазкур таъмини 400 ҳазор аҳолӣ бо оби поки ошомиданӣ ва сохтмони нуқтаҳо ё макони гигиенаву тозагӣ ваё ташноб барои 100 ҳазор кӯдаку наврасро дар назар мегирад. Масъулини Бонки ҷаҳонӣ мегӯянд, ки иншооти санитарӣ дар 200 мактаб ва марказҳои саломатӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон бунёд ё барқарор мешавад.

Нигина Алиева, сухангӯи дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон рӯзи 26 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки иҷрои лоиҳа аз шаҳри Бохтар – маркази маъмурии вилояти Хатлон оғоз шуд. Нигина Алиева гуфт, ки лоиҳа шаш ноҳияи водии Вахш ва як ноҳияи минтақаи Кӯлобро фаро мегирад. Ӯ гуфт:

“Лоиҳа аз ҳисоби маблағҳои грантии анҷумани байналмилалии рушд сарпарастӣ мешавад. Ҳадафаш беҳтар кардани хизматрасонии обтаъминкунӣ ва санитарӣ дар минтақаҳои камбизоати Хатлон мебошад. Лоиҳа тоза оғоз шуда, дар панҷ соли оянда амалӣ мешавад.”

Бар асоси ин лоиҳа, қарор аст масъалаи дастрасии мардум ба оби поки ошомиданӣ дар  ноҳияҳои Вахш, Леваканд (собиқ Сарбанд), Кушониён (собиқ Бохтар), Дӯстӣ (Ҷиликӯл), Ҷалолиддини Балхӣ (собиқ Ҷалолиддини Румӣ), Ҷайҳун (Қумсангири пешин) ва ноҳияи Восеъ амалӣ шавад. Бар асоси барнома, назорати иҷрои тарҳро   вазорати молия, Корхонаи воҳидии давлатии “Хоҷагии манзилию комуналӣ” ва ниҳодҳои дигари давлатӣ ба ӯҳда мегиранд.

Ҷамшед Табарзода, директори генералии Корхонаи воҳидии давлатии “Хоҷагии манзилию комуналӣ” дар суҳбат ба Радиои Озодӣ лоиҳаро барои рушди деҳот ва зиндагии мардум муҳим хонда гуфт, ки бо пули Бонки ҷаҳонӣ таъмини истгоҳҳои обкашонӣ ва азнавсозии лӯлаҳои обгузар  дар назар аст:

“Бо ин грант техникаҳо харидорӣ меашвад, қубурҳои обгузаре, ки 50 ва 70 сол хизмат кардаанд, иваз карда мешаванд. Қубурҳои обкашонӣ дар шаҳру навоҳӣ таъмин мешаванд. Харидории таҷҳизот дар назар аст, ки мардумро ба оби тозаи ошомиданӣ таъмин кунад. Дар баъзе деҳаҳо умуман хаттӣ обкашонӣ нест, ки онҳоро ба хатти об таъмин мекунад.”

Роҳандозӣ шудани тарҳи навсозии системаи обтаъминкунӣ дар Хатлон дар ҳолест, ки мушкили дастрасӣ ба оби поки ошомиданӣ яке аз сангинтарин мушкилоти деҳоту шаҳрҳои Тоҷикистон баъди касби истиқлол шудааст. Бар асоси ҳисобҳои мухталиф, аз 40 то 50 дар сади аҳолии Тоҷикистон бо дастрасӣ ба  оби поки ошомиданӣ мушкил доранд.

Дар ҷамоати деҳоти “Машъал”-и ноҳияи Вахш чанд деҳоте ҳаст, ки онҷо оби ошомиданӣ нест ва заминҳои зиёде ба хотири набудани об кишт намешаванд. Сокинон як тонна обро бо қимати беш аз 150 сомонӣ мехаранд. Қарор аст қубурҳои обгузар ба ин ҷо ҳам кашида шаванд.

Читайте на 123ru.net


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

КАК ВЕЧЕР ТО ТРАВЛЯ КАК УТРО ТО ДУРАК И РАБОТА СВОЛОЧИ

Синоптики спрогнозировали грозу и до +26 градусов в Москве 10 июня

На севере Москвы произошел крупный пожар в автосалоне

График движения поездов в День России будет скорректирован

Музыкальные новости

Титов предположил, что у «Динамо» и «Краснодара» еще 10 лет не будет шанса на победу в РПЛ

Пиар Менеджер для Артистов, Музыкантов, Композиторов, Актеров, Поэтов, Писателей, Моделей, Дизайнеров, людей любых творческих профессий и брендов!

Глава Следкома России Александр Бастрыкин вступился за полицейского, которого выживают из МВД за случайное уbийство азербайджанца

Concord is skipping free-to-play and pulling a Helldivers 2 instead: $40 for the full game with all 16 heroes at launch

Новости России

В доме 1973 года постройки установят 12 новых лифтов

Площадь пожара в автосалоне на севере Москвы увеличилась до 200 "квадратов"

График движения поездов в День России будет скорректирован

КАК ВЕЧЕР ТО ТРАВЛЯ КАК УТРО ТО ДУРАК И РАБОТА СВОЛОЧИ

Экология в России и мире

Купаться надо уметь: правила, которые сохранят вам жизнь

Туристка заразилась плотоядной болезнью и потеряла руку: новая инфекция начала распространяться на людей, посещающих достопримечательности

Proenza Schouler, коллекция pre-fall 2024

«Виртуальный Западный Азербайджан» - кладезь фальсификаций

Спорт в России и мире

Уимблдон и Олимпиада? Что нужно знать о планах Рыбакиной после Ролан Гаррос

Свёнтек сравнялась с Шараповой по победам на турнирах Большого шлема

Калинская поддержала Синнера после поражения на "Ролан Гаррос"

Зверев сыграет с Алькарасом в финале "Ролан Гаррос"

Moscow.media

В Орле опять неполадки с движением троллейбусов

«Автодор» – к концу 2025 года скоростными дорогами госкомпании будет охвачена половина населения России

Трасса М-12 Восток будет продлена до Тюмени в 2025 году

Армянские ковры Арцаха (Карабаха) с уникальным орнаментом представлены как «генетический код» Азербайджана - сайт monumentwatch







Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *