Мы в Telegram
Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

"Маҳфили президентҳо" дар Ишқобод. Раҳмон ва Бердимуҳаммадов бо ҳам чӣ гуфтанд?

Ҷаласаи Шӯрои сарони Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки рӯзи 11 октябр дар Ишқободи Туркманистон баргузор шуд, ба президенти Русия баҳонаи дигаре барои изҳори мавқеаш дар робита бо масоили байналмиллӣ шуд. Аммо дар ҳошияи он раҳбарони Тоҷикистон ва Туркманистон талош намуданд, масъалаҳои байни ду кишварро ҳал кунанд.

Дар ҷаласае, ки бо ширкати президентони кишварҳои узв – Озарбойҷон, Белорус, Қирғизистон, Қазоқистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва нахуствазири Арманистон ҷараён гирифт, Владимир Путин дар робита бо нияти Пентагон оид ба истиқрори мушакҳои миёнаву дурпарвоз дар қораи Осиё изҳори нигаронӣ кард. Вай гуфт, ки нияти ИМА ба гузоштани мушакҳояш дар хоки Япония ва Кореяи Ҷанубӣ "наметавонад мояи хурсандии Маскав бошад", чунки, ба қавли ӯ, “ин ҳама марбут мо аст” ва аз ин ҳолат “амнияти байналмилалӣ беҳтар неву бадтар мешавад”.

Ҳанӯз Вашингтон ба ин изҳорот вокуниш накардааст, вале ба иттилои коршиносон, Пентагон дар гузашта гуфтааст, ки истиқрори мушакҳо ба нигарониҳои амниятӣ аз фаъолиятҳои ҳастаии Кореяи Шимолӣ  рабт мегирад.  

Дар ҷаласаи сарони ИДМ, ки онро маҳфили президентон ва минбари баёни мавқеи Русия дар заминаи масоили минтақавиву байналмилалӣ арзёбӣ мекунанд, Путин инчунин аз шурӯи амалиёти низомии Туркия дар марзҳои шимолии Сурия изори нигаронӣ кард.

Туркия гуфтааст, ки бо ҳадафи дар хоки Сурия ҷой кардани беш аз 2 миллион паноҳандаи суриягӣ ва мубориза бо терроризм амалиёти низомиро дар соҳилҳои рӯди Фурот ва минтақаи таҳти назари шӯришиёни курд шурӯъ кард. Аксарияти ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин иқдоми Туркия ба унвони амалиёте, ки амнияти минтақаро боз ҳам печидатар мекунад, интиқод карданд. Рӯзи ҷумъа дар Ишқобод Путин дар ҳузури президентҳои кишварҳои собиқ шӯравӣ гуфт, гумон аст, ки ин амалиёт битавонад, аз вуруди ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҷилавгирӣ кунад. Дар ҷанги ҳаштсолаи Сурия Русия ҳамеша аз ҳукумати президент Башор Асад ва Туркия аз гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Димишқ ҷонибдорӣ кардаанд.

Барномаи навбатии ИДМ барои мубориза бо терроризм имзо шуд

Дар ҷаласаи рӯзи ҷумъа ҳафт санад имзо шуд. Ба иттилои расмии котиботи ИДМ, дар ин ҳамоиш  эъломияи ҳамкориҳои стратегии иқтисодӣ ва Барномаи  ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти  ифротгароӣ то соли 2022 қабул шуд. Инчунин раҳбарии давраии ин созмон дар соли 2020 ба Узбекистон гузашт - созмоне, ки ҳамчун вориси Иттиҳоди Шуравӣ таъсис ёфта, аз тарафи коршиносон "клуби президентҳо" унвон шудааст ва амалан нуфузи зиёде надорад.

Озарбойҷону Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистону Украина шомили ИДМ ҳастанд. Гурҷистон баъди ҷанги кӯтоҳмуддати соли 2008 бо Русия аз узвияти он хориҷ шуд. Украина ба далели мухолифатҳояш бо Русия ва ишғоли Қрим аз тарафи Маскав дар соли 2014 чанд сол боз намояндагони худро ба нишастҳои созмон намефиристад.

Рӯзи 11 октябр дар Ишқобод бархе президентон ҳозир нашудани президенти нави Украина Владимир Зеленскийро таъкид карда гуфтанд, ки сафари ӯ ба Туркманистон метавонист барои баррасии масоили муҳим бо ҳамсояҳояш мусоидат кунад.

Мулоқоти президентони Тоҷикистон ва Туркманистон

Вале он чи ки мавриди таваҷҷӯҳи хабарнигорон шуд, ин сафари  президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва гуфтугӯи ӯ бо ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов буд. Соли гузашта, замоне, ки раҳбарии давраии ИДМ аз Тоҷикистон ба Туркманистон мегузашт, президенти ин кишвар ба Душанбе барои ширкат дар ҷаласа наомад. Бархе нозирон вуҷуди сардӣ дар муносибати Ишқобод бо Душанберо далели ҳозир нашудани раҳбари Туркманистон дар Душанбе арзёбӣ карданд. Бори охир ду раҳбар августи соли 2018 дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал дар Ишқобод бо ҳам дидору гуфтугӯ карда буданд.

Туркманистон як кишвари пӯшида аст ва ҳеҷ як хабарнигори мустақил ба ин кишвар ва ҷаласаҳои баландпояи мисли ИДМ роҳ дода намешавад. Вале вебсайти президенти Тоҷикистон ва ҳам бархе аз расонаҳои дигар хабар доданд, ки ду президент масоили зиёди марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд. Аз ҷумла, дар хабари расмӣ гуфта шуд, ки ҷонибҳо ҳамкорӣ дар бахшҳои “саноати сабук ва кӯҳӣ, кишоварзӣ, аз ҷумла додугирифти маҳсулоти кишоварзӣ, бахши сармоягузорӣ, беҳсозии ҳамгироӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, обию энергетикӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва туризмро мавриди баррасӣ қарор доданд”.

Оҷонсии “Тренд” бо такя ба хабари ҳукумати Туркманистон навишт, ки дар ин нишаст ба таври ҷудогона мавзӯи ҳамкориҳо дар бахши нақлиёту мухобирот баррасӣ шуд. Аз ҷумла, сӯҳбат аз барномаҳои хатми сохтмони лӯлаи газ ва то слои 2024 бунёд шудани як нақби кӯҳӣ дар чаҳорчӯби ин барнома баррасӣ шуд. Ин тарҳ бахше аз барномаи азими сохтмони лӯлаи газ аз Туркманистон ба Чин аст аст. Кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла, Узбекистон ва Қазоқистон бахше аз ин тарҳи азиме бо номи “Осиёи Марказӣ-Чин” мебошад ва интизор ин аст, ки соле тавассути ин хат интиқоли 85 миллиард кубометр газ имконпазир хоҳад буд.

Ҷузъиёти дигар аз ҷараёни музокироти ду президент дар даст нест.

Маълум нест, ки оё баъди дидору гуфтугӯҳои ахир равобити ду кишвар дубора оддӣ ва бемушкил хоҳад шуд ё на, вале мусаллам аст,  ки  чанд соли охир Туркманистон барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон зиёд дилгарм нест.

Дар шароите, ки ҳеҷ ҷонибе ба таври ошкоро решаи мушкилро баён намекунад, таҳлилгарон дар ин замина ҳадсу гумонҳои худро доранд.

Чаро Туркманистон аз Тоҷикистон ранҷид? 

Аз ҷумла, ба қавли бархе ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ, тарҳи сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Тоҷикистон Афғонистон  метавонист мояи ранҷиши Ишқобод шавад.

Тарҳе, ки соли 2013 дар ҳузури президентони се кишвар расман муаррифӣ шуд, ба қавли коршиносон, ба хотири ноамниҳои Афғонистон, аз оғоз як ташаббуси хаёлпарастона буд. Он замон бисёр нозирон гуфтанд, ки дар шароити маҳдуд будани имкониятҳои коммуникатсионии Тоҷикистон бино ба ихтилофҳои Узбекистони зери назари Ислом Каримов, роҳи оҳани нав мушкилоти транзитии Тоҷикистонро бароварда мекунад.

Туркманистон соли 2016 мутобиқ ба мувофиқаҳо  қисмати 88-километрии ин роҳро дар қаламраваш сохта тамом кард, вале Тоҷикистон пеш нарафт. Бархе гуфтанд, ки бо хуб шудани робитаҳои Тоҷикистону Узбекистон бо сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев, Душанбе дигар ширкат дар ин тарҳро  зарур намешуморад.

Мунаққидон Тоҷикистонро дар иҷро накардани ӯҳдадодриҳояш айбдор карданд.

Фаррух Юсуфий, раиси бахши Туркмании Радиои Озодӣ  мегӯяд, “шояд на рашк аз беҳбуди равобити Тоҷикистону Узбекистон, тавре бархе мегӯянд, балки дур шудани Тоҷикистон аз иҷрои ӯҳдадориҳояш дар тарҳҳои муштарак ин кишварро нороҳат кардааст. Президенти ин кишвар ҳам, ки бо хислатҳои аҷибаш фарқ мекунад, ба масдуд кардани роҳҳои транзит барои шаҳрвандони Тоҷикистон даст зад”.

Дар чанд соли охир, мақомоти соҳаи нақлиёт ва ҳам шаҳрвандони ҷудогона, ки бо истифода аз хоки Туркманистон ба Туркияву Эрон ва кишварҳои Халиҷ аз роҳи оҳан ваё заминӣ бор мебурданд, бо монеаҳои ҷиддӣ рӯбарӯ шуданд: Туркманистон барои Тоҷикистон ин хадамотро шадидан маҳдуд ва харҷу ташвиши онҳоро бештар кард.

Арал, Роғун ё "мероси" Каримов?

Ду дипломати баландпояи тоҷик, ки аз равобити Тоҷикистону Туркманистон огоҳ ҳастанд, ба қадимитар будани масъала ишора мекунанд. Аз ҷумла, яке аз онҳо гуфт, ки Туркманистон аз қабл мухолифи сохтмони нирӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон буд. Ӯ гуфт, Туркманистон, ки гуфтааст ҷонибдори наҷоти баҳри Арал аст, замони зинда будани Ислом Каримов ҳамроҳ бо президенти собиқи Узбекистон ба унвони як кишвари воқеъ дар поёноби Ому ба мухолифатҳои сохтмони ин тарҳ ҳамовозӣ кард.

Арал дар паи стратегияи фоҷеабори пахтапарварии Иттиҳоди Шӯравӣ хушк шуда обҳояш аз байн рафт ва ба як биёбон табдил шуд. Ҳамсояҳои мухолифи сохтмони Роғун ба Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин тарҳ ба соҳаи кишоварзии онҳо зарбаи сахт мезаданд, вале Душанбе пайваста таъкид кардааст, ки ҳеҷ гоҳ ҳақи ҳамсояҳо дар заминаи дастрасӣ ба об поймол намешавад.

Абулфайз Атоев, собиқ дипломати аршади сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон мегӯяд, сабаби бархӯрди хоси Ишқобод ба Душанбе дар ҳамин буд. Ӯ Туркманистонро “як кишвари эрка дар чашми Аврупову Ғарб” арзёбӣ кард, ки ба хотири захираҳои табииаш ҳама гуна тасмимҳову ҳаракатҳояшро таҳаммул кардаанд. Вале Фаррух Юсуфий мегӯяд, ки Бердимуҳаммадов он замон бо ин ки “ҳамовоз ё ҳамсангари” Каримов буд, ҳеҷ гоҳ ба таври бозу рӯшан нагуфтааст, ки Ишқобод монеи сохтмони обанбори азим дар Тоҷикистон аст.

Вале он чи ки мусаллам аст, дар панҷ-шаш соли охир мизони додугирифти тиҷоратии бе ин ҳам начандон баланди миёни ду кишвар хеле поин рафт. Агар соли 2013 ду кишвар бо ҳам дар ҳаҷми беш аз 119 миллион доллар додугирифти тиҷоратӣ карда бошад, соли 2018 ин нишондод то 47 миллион доллар поин омад. Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ин ҳамкориҳо аз Туркманистон маҳсулоти нафӣ, равғани пахта ва семент харидорӣ мекунад ва ба кишвари ҳамсояаш алюминий ва маҳсулоти кишоварзӣ интиқол медиҳад.

Равобити Тоҷикистону Туркманистон на ҳамеша чунин сарду то ҷое мушкил барои шарҳ будааст. Солҳои 1990-ум Туркманистон аз аввалин давлатҳое буд, ки  барои садҳо ҳазор фирориҳои ҷанги шаҳрвандӣ паноҳгоҳ ва шароити кору зиндагӣ фароҳам овардааст. Ин нуктаро мақомоти баландпояи Тоҷикистон  ҳамеша ба унвони ҳусни ҳамсоядории неку ҳасана ситоиш кардааст.

Читайте на 123ru.net


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

Бывший возлюбленный Заворотнюк Жигунов не приехал на ее похороны

Боксер из США Глэнтон отработал удары перед боем с россиянином Егоровым

Пегас сделал важное заявление по Египту: стали известны цены на туры на предстоящую зиму

КОРОТКОЙ СТРОКОЙ

Музыкальные новости

Уссурийский ЛРЗ расширяет форматы промышленных экскурсий на предприятие

POMPEYA и O! МАРГО выступят на фестивале «НЕБО»

Уссурийский ЛРЗ расширяет форматы промышленных экскурсий на предприятие

Победитель Чемпионата по рыбалке на Рыбной неделе получил 1 млн рублей

Новости России

Врач назвал напитки, которые нельзя пить в жару

Владимирцам напомнили об ограничении скорости из-за ремонта на трассах М-7 и Р-132 «Золотое кольцо»

Пегас сделал важное заявление по Египту: стали известны цены на туры на предстоящую зиму

Перенесенный из-за теракта в «Крокусе» концерт группы «Пикник» прошел в Москве

Экология в России и мире

Секрет долгожителей Азии раскрыт: гастроэнтеролог Садыков рассказал о пользе красного риса

Стильные образы на лето, в которых вы покорите окружающих

Дары природы в Hilton Seychelles Labriz Resort & Spa

Елена Шерипова: самые модные головные уборы на лето

Спорт в России и мире

Синнер повторил достижение Джоковича и Надаля по победам на "Больших шлемах"

Российские ракетки сообразили на троих // Даниил Медведев, Мирра Андреева и Элина Аванесян дружно вышли в 1/8 финала теннисного Roland Garros

Синнер повторил уникальное достижение Джоковича и Надаля на турнирах «Большого шлема»

Бывшая российская теннисистка спела гимн Франции: «Я здесь дома»

Moscow.media

Накануне в центре Орла случился пожар

Дизельный, рамный, с блокировками. Новый внедорожник скоро появится в России

Лучший HR-бренд – «Грузовичкоф»

Стоматолог Владимир Лосев: сколько времени нужно носить брекеты







Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *