Мы в Telegram
Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Гармӣ, тӯфон ва ҳамлаи ҳашарот. Тасвири тарсноки тағйири иқлим дар Тоҷикистон. ВИДЕО

Гармӣ, тӯфон ва ҳамлаи ҳашарот. Тасвири тарсноки тағйири иқлим дар Тоҷикистон. ВИДЕО

Хокбоду тӯфонҳои чангу ғубор, афзоиши ҳашарот, хушксолӣ, ярч ва боронҳои шадид. Ин на порча аз сенарияи филми тарснок, балки баргирифта аз барномаи ҳукумати Тоҷикистон аст, ки оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлимро дар ояндаи наздики кишвар тасвир мекунад. Чизе, ки одати бисёриҳоро ба барномаҳои умедворкунанда ва хушбинонаи ҳукумат хоҳад шикаст.

Бо тасвири чунин дурнамо ҳукумати Тоҷикистон "Стратегияи мутобиқшавии Тоҷикистон ба тағйирёбии иқлимро то соли 2030" қабул кард.

Муаллифони ин санад бо такя ба пажӯҳиши ниҳодҳои илмии дохили кишвар навиштаанд, осори гармшавии иқлим дар Тоҷикистон аллакай мушоҳида мешавад ва аз соли 1940 то 2017 ҳарорати ҳаво ҳар даҳ сол ба ҳисоби миёна 0,1- 0,2 дараҷа гармтар шудааст.

Гуфта мешавад, дар ин муддат ҳарорати миёнаи ҳаво дар шаҳри Душанбе 1 дараҷа ва дар Данғара 1,2 дараҷа гарм шудааст.

"Пиряхҳо бухор мешаванд"

Ба тасвири муаллифони гузориш, гармшавии ҳарорати ҳаво боис ба обшавии пиряхҳо ва хушксолӣ мегардад. Масалан, гуфта мешавад, бузургтарин пиряхи Тоҷикистон - Федченко 1 километр кӯтоҳ шудааст ва аз ибтидои асри бист қариб 5 километр яхро талаф додааст. Баъзе пиряхҳои начандон калон дар сатҳи поён комилан нобуд шуданд ё дар ҳоли маҳвшавиянд. Чунончӣ, дар Деҳқондара пиряхе бо масоҳати 1 километри мураббаъ, ки дар болооби рӯди Қаротоғ воқеъ буд, пурра об гаштааст.

Обшавии пиряхҳо зери таъсири гармшавии иқлим ба пешбинии муаллифон ба навбати худ оқибатҳои ногувори дигареро дар пай хоҳад дошт. Аз ҷумла, таназзули чарогоҳҳо, зуд-зуд ба миён омадани тӯфонҳои чангу ғубор, афзоиши ҳашароти зараррасон ва зарбаи он ба кишоварзӣ ва камҳосил шудан заминҳо. Хавфи бештар шудани боронҳои шадид ва ҳамин тавр селҳои харобиовар низ меафзояд. Ярчҳо ба падидаҳои муқаррарӣ табдил меёбанд.

Муаллифони ин санад навиштаанд, агар дар соли 2014 Тоҷикистон аз ҳисоби офатҳои табиӣ беш аз 50 миллион доллар зарар дид, дар соли 2030 пешбинӣ мешавад, хисороти офатҳои табиӣ ба беш аз 132 миллион доллар бирасад.

Ба ҷуз аз обшавии пиряхҳо, боронҳои шадид ва омадани сел ба арсаи кишоварзӣ ва амнияти озуқавории кишвар ҳам хатар меорад. Ба замми хушкидани чарогоҳҳо ҳосилнокии заминҳо дар Тоҷикистон низ кам мешавад. Бино ба пешбинӣ, ҳосилнокии кишоварзӣ то соли 2100-ум метавонад то 30 дарсад дар баъзе минтақаҳои мамлакат бештар аз ин паст гардад. Муаллифон навиштаанд, ин тағйир эҳтимолан ба 2 миллион нафар таъсири худро мерасонад ва аз онҳо 800 ҳазорашон бевосита дар зери хавфи гуруснагӣ қарор мегиранд.

Нишонаҳои гармшавии иқлим: "нисфи лиму зард, нисфаш сабз"

Саидхӯҷа Сангаков, раиси созмони ғайридавлатии "Тоҷик Агрофонд" мегӯяд, осори гармшавии иқлим ва таъсири он дар кишоварзиро аз ҳоло мушоҳида кардан мумкин аст. Ӯ гуфт: "Ҳамин сол боғпарварон дар ноҳияҳои Хатлон нишон доданд, ки як қисми пӯсти лиму қабл аз мавсими расишаш зард шуд. Ҳамон қисмате, ки офтоб мерасад зард аст, бахши дигараш сабз, чун ҳанӯз мавсими пӯхтанаш нарасидааст. Мутахассисон гуфтанд, ин натиҷаи аз ҳад зиёд гарм шудани ҳарорати ҳаво ва нерӯи офтоб аст. Деҳқонон чунин ҳолатро пеш мушоҳида накарда буданд."

Сангаков афзуд, коҳишёбии ҳосил дар натиҷаи гармшавии иқлим ва хушксолиҳо бештар ба заминҳои лалмӣ рабт дорад, ки бинобар набуди борону барф инкишоф намеёбад ва ҳосилаш дар ниҳоят кам мешавад.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, яке аз усулҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ҷорӣ кардани обёрии қатрагӣ аст, аммо дар Тоҷикистон кишоварзон хеле кам аз он истифода мекунанд. "Хоҷагиҳои деҳқонӣ хеле хурданд ва онҳо бинобар хароҷот усули қатрагии обёриро ҷорӣ намекунанд. Ҳарчанд аз ҳисоби сарфаи нуриҳои минералӣ ва афзоиши хуби зироат хароҷоти онҳо ҷуброн мешавад. Аммо кишоварзони мо ба муваффақияти ин гуна навовариҳо аксар вақт ба шубҳа менигаранд", -- афзуд ӯ.

Дар ин санад гуфта мешавад, барои коҳиш додани суръати гармшавии ҳаво Тоҷикистон мехоҳад, аз 65-75 дарсад ихроҷи газҳои гулхонаиро бо татбиқи барномаҳои нав дар энергетика, кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал кам кунад. Аммо дар сармоягузории ин гуна тарҳҳо Тоҷикистон боз ҳам ба кумаки фондҳои сабз ва мутобиқшавӣ ба иқлим умед мебанданд.

Воҳима ё гардишҳои табиӣ?

Комилҷон Орифов, мутахассиси варзидаи энергетика ва таҳлилгари тоҷик мегӯяд, мавзӯи тағйирёбии иқлим, ки айни замон ба сархати расонаҳо ва мавзӯи рӯзи сиёсатмадорон табдил ёфтааст, бисёр бо сиёсат олуда аст ва гоҳе "хатарҳо аз будаш зиёд нишон дода мешавад".

Орифов мегӯяд, дар миёни пажӯҳишгарон ҳанӯз дар мавриди  бебозгашт будани гармшавии иқлим иттифоқи назар вуҷуд надорад. "Иқлим иваз мешавад ва давраҳои худро дорад, гарм мешавад ва гоҳе баръакс давраи сардӣ фаро мерасад, ки бо номи "даврони яхбандон" маъруф аст. Бинобар ин яқин гуфта намешавад, ки гармшавии ҳаво, ки ҳоло мушоҳида мешавад ин як даври иқлим аст ва дубора даврони сардӣ фаро мерасад ва ё бебозгашт гарм мешавад."

Орифов афзуд, айни замон дар ҷаҳон бунёдҳои бузурге барои мутобиқгардонии кишварҳо ба тағйирёбии иқлим вуҷуд доранд, ки дар он миллиардҳо доллар хазина шуданд. Тоҷикистон бо истифода аз ин маблағҳои имтиёздор метавонад, мушкилоти иҷтимоии худро ҳал кунад.

"Барои мисол, ҳоло нерӯгоҳи Қайроққум маҳз бо истифода аз маблағҳои бунёди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим навсозӣ мешавад. Тоҷикистон метавонад дар баробари ҷаҳони боқӣ зери шиори гармшавии иқлим "бозӣ" кунад ва аз маблағҳои ин гуна фондҳо истифода кунад", -- хулоса кард Орифов.

Читайте на 123ru.net


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

В Москве презентовали медали и экипировку VIII игр «Дети Азии»

Синоптик Леус: 2 июня в Москве будет до +28 градусов, возможны грозы

«Экзамен для меня — всегда праздник, профессор!»

Гонщики «КАМАЗ-мастер» показали свое мастерство на фестивале Drift Expo

Музыкальные новости

Выгодно ли покупать квартиру в новостройке?

Грубая фальсификация Баку: Уничтожающий собственный народ Азербайджан обвиняет армян

Собянин рассказал, как москвичи исполняют заветные мечты детей-сирот

Спортсмены Улан-Удэнского ЛВРЗ стали победителями региональной спартакиады

Новости России

Синоптик Леус: 2 июня в Москве будет до +28 градусов, возможны грозы

Грани карельского гранита: в Петрозаводске состоялся Международный форум-выставка отрасли природного камня

Ислам Махачев прокомментировал победу над Дастином Порье на турнире UFC 302

Два года назад в Таганроге сняли коронавирусные ограничение: давайте вспомним как это было

Экология в России и мире

Секрет долгожителей Азии раскрыт: гастроэнтеролог Садыков рассказал о пользе красного риса

«Заставлял Костомарова мыть свою машину, чтоб потом он на ней покатался по парковке!» Илья Авербух рассказал о дружбе с Романом Костомаровым в шоу «Вкусно с Анфисой Чеховой» на ТВ-3

Стильные образы на лето, в которых вы покорите окружающих

Конференция «Общество и психическое здоровье» прошла в Ставрополе

Спорт в России и мире

Прямая трансляция матча Рыбакиной с победительницей четырех "Больших шлемов"

Матч Котова и Вавринки перенесли на корт Сюзанн Ленглен

Прямая трансляция матча Елены Рыбакиной против экс-первой ракетки мира на «Ролан Гаррос»

Не ходите, дети, в теннис: как Андре Агасси и Штеффи Граф подарили детям право выбора

Moscow.media

ТСД SAOTRON RT-T50: высокопроизводительный терминал сбора данных промышленного класса

Количество «брака» в биомедицинских работах увеличилось в четыре раза за 20 лет

Преступления мигрантов с рынков азербайджанского олигарха Года Нисанова продолжают шокировать Москву

ТСД промышленного класса Saotron RT-T60







Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *