Мы в Telegram
Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Номи 5 ҳамлавари "Султонобод" ошкор гашт. Се зан, ду мард

Номи 5 ҳамлавари

Ҳувияти панҷ нафаре, ки, ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, дар ҳамла ба дидбонгоҳи "Султонобод" дар марзи Тоҷикистону Узбекистон ширкат кардаанд, маълум гардид. Манобеъ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон ин афродро сокинони вилояти Суғд гуфтанд. Чаҳор нафари онҳо ҳоло дар боздошт қарор дошта, як тани онҳо ҳангоми задухӯрд кушта шудааст. Тасдиқи ин хабар аз тарафи манбаъҳои мустақил то ҳол имконпазир нагаштааст.

Аз панҷ нафаре, ки шахсияти онҳо ба мо маълум шуд, се зан ва дуи дигар мард мебошанд.

Як манбаи наздик ба ниҳодҳои интизомӣ гуфт, дар пайи амалиёт Малоҳат Ҳайдарова, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Зулхумор Ҷумъаева ва Раҳбар Боқиева, сокинони шаҳри Истаравшан боздошт шуданд. Ҳусейн Исломов, сокини деҳаи Қалъачаи Араби ҷамоати "Зарҳалол"-и Истаравшан низ дар ин ҳодиса дастгир ва сокини дигари ҳамин деҳа Шавкат Исломов, ки гумон меравад, хешованди Ҳусейн Исломов аст, кушта шудааст. 

Ба Радиои Озодӣ муяссар шуд, бо раиси ҷамоати "Зарҳалол"и шаҳри Истаравшан Шафқат Мавлонов дар тамос шавад. Ӯ гуфт, "Дарвоқеъ Ҳусейн ва Шавкат сокинони ҳамин деҳа буданд, онҳо чаҳор бародаронанд, аммо номи хонаводагияшон Ҳомидов аст, на Исломов ва ҳарду аз соли 2014 ба ин сӯ аз деҳа рафтаанд." Раиси ҷамоат афзуд, ду рӯз пеш намояндагони мақомоти амниятӣ бо ӯ дар тамос шуданд ва аз ин ду нафар пурсуҷӯ карданд.

Акси яке аз ҳамлаварони зан, ки боздошт шудааст, дар ихтиёри Радиои Озодӣ қарор дорад, аммо ба далели халал наёфтани ҷараёни тафтишот, аз нашри он худдорӣ мешавад.

Синни аксари ин боздоштшудаҳо ва фарди кушташуда аз 20 то 25-сола аст. Дар бораи шахсияти 15 тани дигар аз ҳамлаварон, ки ҳангоми задухӯрд бо нирӯҳои давлатӣ кушта шудаанд, то ҳанӯз маълумоте дар даст нест.

Наздикони ин афрод дар Истаравшан ва Бобоҷон Ғафуров то ба ҳол дар ин маврид изҳори назар накардаанд ва талошҳои кормандони Радиои Озодӣ барои тамос бо онҳо бенатиҷа будаанд. Аз ҷумла, хонаводаи Ҳомидовҳо соли 2014 ба Хуҷанд кӯчидааст ва суроғаи он дастрас нест.

Дар ҳоле ки маълумоти аввал дар бораи ин панҷ нафар аз як манбаи мустақил дастрас шудааст, як корманди додситонӣ рӯзи 8-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи Роҳбар Боқиева маълумот надорад, аммо номи дастгиршудаҳои боқимондаро тасдиқ мекунад. Ӯ афзуд, номи касе, ки дар ин моҷаро кушта шудааст, Шавкат ва худаш сокини Истаравшан будааст. Ин манбаъ аз додани ҷузъиёти бештар худдорӣ намуд. 

Ба иттилои манбаи дигар, дар ҳоли ҳозир нисбат ба ин афрод бо чанд моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла терроризм, куштор ва ғайриқонунӣ убур кардани марз парванда боз шуда, тафтишоту бозпурсӣ идома дорад. 

Ҳувияти ин чаҳор нафари боздоштшуда ва як каси кушташуда нишон медиҳад, ки бахше аз ҳамлаварон шаҳрвандони Тоҷикистонанд.

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар пайи ҳамлаи шаби 6-уми ноябр эълон карда буданд, ки панҷ тан аз ҳамлаваронро боздошт карданд. Вазорати умури дохилӣ шумораи онҳоро 4 нафар гуфта буд.

Рӯзи 8-уми ноябр дар қисми навбатдории Шӯъбаи Вазорати умури дохилӣ дар шаҳри Истаравшан гуфтанд, онҳо низ хабардор шудаанд, ки чанд тан аз ҳамлаварон аз ин шаҳр ҳастанд, вале дар бораи шахсияти онҳо маълумот надоранд. Дар ин идора гуфтанд, исми сокинони Истаравшан, ки дар ин ҳамла даст доранд, ба онҳо пешниҳод нашудааст. Дар Вазорати умури дохилӣ дар Душанбе низ гуфтанд, ки маълумоте дар ин бора ба онҳо ироа нашудааст.

Ҷониби Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр дар изҳороти расмӣ гуфтанд, бист ҷангҷӯи ДОИШ шаби 3-юми ноябр аз ноҳияи Қалъаи Золи Афғонистон ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон гузашта, сипас, ба дидбонгоҳи марзии "Султонобод" дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ҳамла кардаанд.  "Онҳо дидбонгоҳи сарҳадии "Ишқобод"-ро барои худ ҷойи муносиб интихоб намуда, ба задухӯрди мусаллаҳона даст заданд", -- гуфта шудааст дар изҳороти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо пахши як хабарнома гуфт, ин афрод зимни ҳамла 5 автомати "Калашников"-ро тасарруф намудаанд. Ба иттилои вазорат дар пайи дунболагирӣ ва амалиёт, 4 мошини онҳо нобуд карда шудааст.

Читайте на 123ru.net


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

Рынок доставки продуктов вырос на 55%

Порты ждут от РЖД расширения. Мост на Сахалин нужен не всем. ТЖД сомкнётся к концу года. Пульс ж/д за неделю в зеркале прессы

«ДУМАЮТ, В МЕНЯ ВЛОЖЕНЫ СПОНСОРСКИЕ ДЕНЬГИ» ЛЮСЯ ЧЕБОТИНА РАСКРЫЛА, ЧЕЙ ОНА ПРОЕКТ

В преддверии Дня России: в Москве прошел масштабный флешмоб

Музыкальные новости

Финал областной школьной Олимпиады по шахматам состоялся в Опочке

Приглашенные солистки выступят в опере «Руслан и Людмила»

Собянин: Более 220 единиц новой медицинской техники начали использовать в Москве

Из Якутии на Олимпиаду: Эксперты оценили вклад игр «Дети Азии» в большой спорт

Новости России

На главу АНО "Цифровые платформы" Щельцина напали в Москве

Участники форума «Формируя будущее» посетили выставку «Россия» на ВДНХ

Воронежская штангистка стала второй на первенстве России

На набережных столицы стартует фестиваль «Лето в Москве. Все на улицу!»

Экология в России и мире

«В девять лет я уже был очень любвеобильным». Актер Михаил Богдасаров вспомнил детство в шоу «Вкусно с Анфисой Чеховой» на ТВ-3  

Уникальный интерактивный проект Ставропольской психиатрической больницы на выставке-форуме «Россия»

Армянские ковры Арцаха (Карабаха) с уникальным орнаментом представлены как «генетический код» Азербайджана - сайт monumentwatch

Адские цены на Сочи и Анапу заставили российских туристов найти новые пути экономии

Спорт в России и мире

Зверев вышел в финал «Ролан Гаррос»

Андреевой предрекли борьбу за топ-10 рейтинга WTA в текущем сезоне

Зверев сыграет с Алькарасом в финале "Ролан Гаррос"

Калинская поддержала Синнера после поражения на "Ролан Гаррос"

Moscow.media

Россиянам рассказали, почему будущее за человекоподобными роботами

Ученые нашли «выключатель» болезни Паркинсона

Несмотря на санкции, Amazon поставляла технологии распознавания лиц в Россию

В Орле опять неполадки с движением троллейбусов







Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *