Мы в Telegram
Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

"Гуфтанд, ин сафар ғайриқонунӣ аст". Чаро мақомот монеи рафтани зоирон ба Арабистон шуданд?

Ба даҳҳо нафар, ки қасди сафари ҳаҷҷи умра доштанд, ахиран дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иҷозаи сафар дода нашуд. Ба ин афрод, ки қарор буд ҳафтае пеш дар ду гурӯҳ барои адои ин маросим ба Арабистони Саудӣ бираванд, чанд лаҳза пеш аз парвоз гуфтанд, ки сафарашон "ғайриқонунӣ" аст.

Марҳабо Давлатова, сокини 63-солаи Ҳисор, ки дар як гурӯҳи иборат аз 16 нафар бояд рӯзи 23-юми ноябр барои адои ҳаҷҷи умра сафар мекард, мегӯяд, ӯ ин сафарро 4 сол боз интизор буд ва лағви он ӯро ноумеду нороҳат кард. "Интизори парвоз будем, ки роҳбалади моро боздошт карданд, рафтам, гуфтам чаро ӯро дастгир кардед. Гуфтанд, ӯ шуморо ғайриқонунӣ бурданӣ буд. Ман гуфтам, додар, ту модар дорӣ? Агар модаратро ноумед кунанд, чӣ мекунӣ? Гуфтам моро, ки фиристодед, баъд ту медониву ҳамон роҳбалад",-гуфт Марҳабо. 

Марҳабо Давлатова мегӯяд, ба далели мушкилу гарон будани харҷи адои ҳаҷҷи фарзӣ ӯ хост бо маблағе, ки натиҷаи заҳмати чандсолааш буд, ҳади аққал ҳаҷҷи умра равад. Бо ин ҳадаф, ҳанӯз моҳи август ӯ ҳамроҳ бо ду тан аз наздиконаш ба як нафаре, ки сафари гурӯҳӣ ташкил мекард, ҳуҷҷат ва маблағ супурд. Сафар то моҳи ноябр тӯл кашид ва дар ин муддат Марҳабо ду маротиба ош кардаву бо наздикон худоҳофизӣ кард, аммо дар ниҳоят сафараш лағв ва роҳбаладашон дар фурудгоҳ боздошт шуд. 

"Намояндаи мақомот гуфтанд, ки ҳеч гап нест, мо пулатонро медиҳем. Ман гуфтам, гап сари пул нест. Ноумедӣ мушкил аст. Ман гуфтам, боз 4 соли дигар ҷон канам зери дарахт? Ман ба ҳамин сари сафед дарахти ток побел кардаам".

Мақомот дар як рӯз ба сафари ду гурӯҳи зоирон, ки дар маҷмӯъ бинобар хабарҳо беш аз 30 нафар будаанд, иҷоза надоданд. Сабаб ҳам ин будааст, ки онҳо на тавассути ширкатҳои расмӣ, балки дар гурӯҳе қасди сафари ҳаҷҷи умра кардаанд, ки иҷозаи Кумитаи динро надошт.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимҳо, рӯзи 28-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "тибқи маълумоте, ки дастраси мо шуд, бархе аз афроди алоҳида талош карданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро ҷамъоварӣ намуда, бидуни пардохти андозҳо ба ҳаҷҷи умра баранд. Бо он, ки онҳо аз одамон пул ҷамъ оварданд, вале аз сӯҳбат бо афроде, ки тавассути ин ширкатҳои маълум аллакай ҳаҷҷи умра рафтаанд, ошкор шуд, ки онҳо зоиронро бурда, дар хобгоҳҳои хайриявӣ маскун мекарданд. Барои ҳамин сафари ин гурӯҳҳо манъ шуд".

Ҳарфҳои намояндаи Кумитаи динро, яке аз созмондиҳандагони сафари номуваффақи гурӯҳӣ ҳам тасдиқ мекунад. Роҳбаладони мустақил, ки дар рӯзи лағви сафари зоирон боздошт шуда буданд, ҳоло дар озодӣ қарор доранд. "Мо боҷи давлатиро насупорда будем, баъзе шартҳоро иҷро накарда будем, аз ҳамин ҷиҳат мо гаштем, ин айби худи мо буд",-гуфт яке аз онҳо.

Маблағи мусофирони ноумедшудаи ҳаҷҷи умра ҳанӯз баргардонида нашудааст, аммо мақомот ба онҳо ваъда додаанд, ки тавассути ширкатҳои расмӣ онҳоро ба Арабистони Саудӣ гусел мекунанд. 

Ташкили сафари гурӯҳӣ барои адои ҳаҷҷи умра дар Тоҷикистон бо як қарор танҳо бо иҷозаи мақомот сурат мегирад. Ин иҷозаро чандин сол аст, фақат ширкати сайёҳии "Ормон" ва "Расул" доранд. Ба гуфтаи афроди огоҳ, ширкатҳои дигар бо вуҷуди талоши чандсола ҳанӯз натавонистаанд ин иҷозаро ба даст оранд.

Коршиносон мегӯянд, ба ихтиёри ду ширкат додани маросими адои ҳаҷҷи умра дар кишваре, ки 9 миллион аҳолӣ дорад, нодуруст аст ва ба фасод замина мегузорад. Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, "аз сӯи дигар, тибқи асноди ҳуқуқи байналмилалӣ ва ӯҳдадориҳои Тоҷикистон ҳар шаҳрванд метавонад бо ташаббуси худ ё бо истифода аз хизмати ниҳодҳои ваколатдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ хоҳ бо мақсади адои рисолаҳои динӣ бошад, ё барои густариши фаъолияти иқтисодӣ ва ё сайру сайёҳат, ба хориҷи кившар сафар кунад".

Мусофироне, ки тавассути миёнравҳои алоҳида қасди сафар ба ҳаҷҷи умраро карданд, мегӯянд, харҷи сафар дар ин гурӯҳҳо ба фарқ аз ширкатҳои расмӣ арзонтар буд. Онҳо барои миёнравҳо 17 ҳазор сомонӣ пардохт кардаанд. Дар ширкатҳо маблағи сафари як нафар беш аз 20 ҳазор сомониро талаб мекунад.

Танзими сафари ҳаҷҷи умра ва маҳдуд шудани он бо ду ширкат дар Тоҷикистон ҳолест, ки тобистони имсол Арабистони Саудӣ тартиби дарёфти раводидро барои шаҳрвандони хориҷие, ки мехоҳанд адои ҳаҷҷи умра кунанд, содда кард. Ҳоло барои сафари ҳаҷҷи умра аз тариқи онлайн ба хоҳишмандон дар давоми як соат раводид пешниҳод мешавад. 

Дар зимн, дар пайи манъи сафари гурӯҳе аз сокинон ба ҳаҷҷи умра тавассути роҳбаладҳои мустақил, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳам бо муроҷиат ба сокинони кишвар хостааст зимни сафар ба кишварҳои хориҷӣ эҳтиёткор бошанд ва тамоми қоидаҳои сафар ва будубош дар кишварҳои хориҷро риоя кунанд, то ба доми афроди қаллоб наафтанду ба мушкилот гирифтор нашаванд.

Читайте на 123ru.net


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

Супруга рэпера Канье Уэста Бьянка Цензори снялась в Японии в «мешке»

«Рособоронэкспорт» анонсировал показ на выставке HeliRussia 2024 современных боевых вертолетов и ракет

Фильм «Непослушники» возглавил кинопрокат в России и СНГ за выходные

«Оленина с яблоком & Салат Таежный»: Food.ru снимет документальный фильм о якутской кухне

Музыкальные новости

Академия Плющенко требует почти два миллиона со сбежавшей от них юной спортсменки

Приглашенные солистки выступят в опере «Руслан и Людмила»

Вирусолог Вострухов: опасные клещи-мутанты из Европы могут появиться в России

«Солнечная Азбука» в особом семейном центре «Семь-Я»

Новости России

Померились ролями: Пересильд продала мороженое, Soda Luv изображал звезд ТВ

Утренний массаж: как панда Катюша проводит выходные со своей мамой

Пострадавший при ДТП с Maserati мальчик лишился ноги

В чем же различие дорогого сайта от бюджетного

Экология в России и мире

Уникальный интерактивный проект Ставропольской психиатрической больницы на выставке-форуме «Россия»

Пошив костюма по индивидуальным размерам

Об отношении к русским в Азербайджане

Глава Следкома России Александр Бастрыкин вступился за полицейского, которого выживают из МВД за случайное уbийство азербайджанца

Спорт в России и мире

Зверев и Рууд не пожали друг другу руки после полуфинала «Ролан Гаррос» – из-за проблем с желудком у норвежца

Ига Свентек в четвертый раз выиграла Открытый чемпионат Франции по теннису

Испанец Алькарас выиграл Открытый чемпионат Франции по теннису

Калинская поддержала Синнера после поражения на "Ролан Гаррос"

Moscow.media

Гора Бабырган

Ученые нашли «выключатель» болезни Паркинсона

Роман Старовойт выразил готовность оказывать дальнейшую поддержку в строительстве Ленского моста в Якутии

Трасса М-12 Восток будет продлена до Тюмени в 2025 году







Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *