"Локомотив-Помир" ғолиби лигаи аввали футболи Тоҷикистон шуд
Дастаи "Локомотив-Помир"-и Душанбе дар мусобиқаи имсолаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон ғолиб шуд ва ба ҳаққи ширкат дар лигаи олӣ дар мавсими соли 2020 мушарраф гашт.
«Локомотив-Помир» бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар бозии мавқуфгузоштаи даври 25-уми мусобиқаи лигаи аввал бо дастаи «Шоҳмансур»-и Душанбе, ки 5-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд, бо ҳисоби бузурги 6:0 ғалаба кард.
Пирӯзӣ дар бозии охирин ба дастаи «Локомотив-Помир» имкон дод, ки бо 61 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мақоми аввалро касб намояд ва соҳиби медалҳои тилло, инчунин роҳхат ба лигаи олӣ гардад.
Зимнан, ба ҳайати «Локомотив-Помир» бозигарони мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки имсол дар қаҳрамонии ҷаҳон миёни футболбозони то 17-сола дар Бразилия ширкат карданд, дохиланд.
Дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, ки бо 60 имтиёз дар ҷойи дувум қарор гирифт, соҳиби медалҳои нуқра гардид. «Файзканд» ба ҳаққи ширкат дар бозиҳои гузариш бо «Хатлон»-и Бохтар барои соли оянда дар лигаи олӣ иштирок кардан мушарраф шуд.
Дастаи “Душанбе-83”-и шаҳри Душанбе, ки бо 54 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мақоми севумро касб намуд, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида мешавад.
Тоҳир Малодӯстов, бозигари дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор, ки дар бозиҳои мусобиқаи имсолаи лигаи олии Тоҷикистон ба дарвозаи рақибонаш 26 тӯб задааст, ҳамчун голзани беҳтарин бо ҷоизаи Федератсияи футболи кишвар сарфароз мегардад.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон
Ҷ
ДАСТАҲО
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1
«Локомотив-Помир» (Душанбе)
26
19
4
3
80-24
61
2
«Файзканд» (Восеъ)
26
18
6
2
65-22
60
3
«Душанбе-83» (Душанбе)
26
16
6
4
48-20
54
4
«Парвоз» (Фурудгоҳи Хуҷанд)
26
15
5
6
51-19
50
5
«Эсхата» (Хуҷанд)
26
15
5
6
62-45
50
6
«Равшан» (Кӯлоб)
26
15
4
7
55-29
49
7
«Ваҳдат» (Ваҳдат)
26
14
3
9
44-29
45
8
«Саройкамар» (Панҷ)
26
10
6
10
38-31
36
9
«Барқчӣ» (Ҳисор)
26
10
5
11
51-51
35
10
«Ҳулбук» (Восеъ)
26
9
5
12
48-51
32
11
«Исфара» (Исфара)
26
5
1
20
24-65
16
12
«Дӯстӣ» (Ҷайҳун)
26
4
0
22
34-86
12
13
«Шоҳмансур» (Душанбе)
26
2
4
20
28-91
10
14
«Зарафшон» (Панҷакент)
26
2
2
22
12-76
8