Се ошхона дар "Саховат"-и Душанбе ба коми оташ рафт
Ошхонаҳои "Сафо" ("Ҳоҷиён"-и қаблӣ), "Сомониён" ва "Наврӯз" дар бозори "Саховат"-и шаҳри Душанбе, шаби гузашта ба коми оташ рафтанд. Ба мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ, ду ошхонаи аввалӣ хисороти ҷиддӣ дида ва ошхонаи "Наврӯз" қисман вайрон шудааст. Ба гуфтаи мақомот, cӯхтори шаби 30-уми декабр як соат идома кардааст.
Дар қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон субҳи 30-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки сӯхтор соати 02:25 оғоз шуда, ҳудуди 1 соат идома кардааст. Ба гуфтаи манбаъ, масоҳати сӯхтор 1500 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва оташнишонҳо тавонистанд давоми як соат бо истифода аз 9 мошин оташро хомӯш кунанд.
То ҳол сабабҳои сӯхтор маълум нест ва низ эълон нашудааст, ки оташсӯзӣ аз кадом яке аз ин ошхонаҳо оғоз шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, ки комиссияи махсус сабабҳои оташсӯзӣ ва ҳаҷми хисоротро маълум мекунад. Ин ошхонаҳо дар яке аз маҳаллаҳои пуриздиҳоми атрофи бозори "Саховат" ҷойгир мебошанд.
Оташ гирифтани бозору корхонаҳо дар Тоҷикистон солҳои ахир зиёд ба мушоҳида мерасад. Мақомот дар чанд ҳолат гуфтанд, ки риоят накардани қоидаҳои бехатарӣ, сабаби оташсӯзиҳо шудааст.
Агар дар ҷойи ҳодиса ҳастед, аксе ё видеое доред. Лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10