Дар Узбекистон аз "буҷавиҳо" нусхаи шиносномаи наздиконашонро талаб доранд
![Дар Узбекистон аз](https://gdb.rferl.org/48C95CA1-FDE2-4A10-8BD1-38A407177A24_w800_h450.jpg)
Дар вилояти Самарқанди Узбекистон аз кормандони муассисаҳои тиббӣ талаб доранд, ки нусхаи шиносномаи наздикон - ҳамсар, фарзанд, волидон ва ҳатто бародару хоҳари худро ба раҳбарият пешниҳод кунанд.
"Чанд рӯз пеш дар беморхона ҷаласа баргузор шуд. Аз ҳама талаб карданд, ки нусхаи шиносномаи наздикони худро пешниҳод кунед. Вале шарҳ надоданд, ки ин дастури кӣ аст ва барои чӣ бояд нусхаи шиносномаҳо пешниҳод шавад. Танҳо гуфтанд, ки ин ҳатмӣ аст ва касе дастурро иҷро намекунад, зиддаш чораандешӣ хоҳад шуд",-гуфт як табиб аз ноҳияи Тайлоқи Самарқанд рӯзи 6-уми феврал.
Як масъули Идораи тандурустии вилояти Самарқанд, ки нахост номаш ифшо шавад, ин хабарро тасдиқ кард. "Аз мо ҳам талаб карданд, ки нусхаи шиносномаи наздиконатонро пешниҳод кунед Аз раҳбарият пурсидем, гуфт, фармон аз "боло" аст",-изҳор дошт вай.
Дар хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии Узбекистон натавонистанд ба суоли хабарнигори бахши узбекии Радиои Озодӣ дар бораи сабаби талаби нусхаи шиносномаҳо посух гӯянд.
Чанде пеш маълум шуд, ки корхонаи роҳи оҳани Узбекистон низ аз кормандони худ талаб кардааст, нусхаи шиносномаи ҳамаи наздикони худро то 15-уми феврали соли равон пешниҳод кунанд.
Дар огоҳиномаи раҳбарияти истгоҳи роҳи оҳани Бекободи Узбекистон омадааст, ки нусхаи шиносномаҳои наздикони кормандон дар асоси қарори девони вазирони ин кишвар "Дар бораи низоми ягонаи миллии меҳнат" талаб карда мешавад. Вале як масъули истгоҳ гуфт, ин иқдом ба хотири "таҳти назорат гирифтани сокинон" аст.
Миёнаҳои моҳи январ низ хабар дода шуд, ки Идораи маорифи вилояти Намангон аз омӯзгорон талаб кардааст, нусхаи шиносномаҳои наздикони худро пешниҳод кунанд.