Қирғизистон сафири Тоҷикистонро барои гуфтаҳои генерал Навҷувонов эҳзор кард
Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон Назирмад Ализода, сафири Тоҷикистон дар ин кишварро барои гуфтаҳои Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд эҳзор кардааст.
Дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон рӯзи 14-уми феврал гуфт, дар ин суҳбат ҷониби Қирғизистон нигаронии худро дар робита ба суханҳои мақоми баландпояи тоҷик баён дошт.
Бино ба ин баёния, Навҷувонов чанд рӯз пеш дар нишасти хабарӣ гуфтааст, "агар таърихро варақ занем, дар гузашта Бодканд ҳеч гоҳ замини қирғизҳо набуд". Ӯ инчунин гуфтааст, "гузаштагони тоҷикон қирғизҳоро ба Бодканд оварданд ва ба онҳо замин доданд ва имрӯз ин барои ҷониби Тоҷикистон мушкилофар шуд".
Дар изҳороти ҷониби Қирғизистон омадааст, "раҳбари мақомоти қудратии вилояти Суғди Тоҷикистон ба таҳрифи таърих ва тақаллуби фактҳо машғул аст". Вазорат мегӯяд, дар ин суҳбат ба сафири Тоҷикистон таъкид шуд, ки чунин гуфтаҳои мақоми баландпоя ҷоиз нест.
Вазорат афзудааст, баръакс ҷонибҳо бо супориши раиси ҷумҳурони ду кишвар барои пешгирӣ аз иғвоҳо ва изҳороти моҷаробарангез бояд кор баранд.
Ҷониби Қирғизистон аз Душанбе умед дорад, ки ба ин масъала вокуниш мекунад ва дар оянда ин такрор намешавад.
Тоҷикистон ҳанӯз ба ин мавзуъ вокуниш накардааст.