Беқурбшавии рубли русӣ ба хонаводаҳои тоҷик ҳам таъсир хоҳад дошт
Рубл пули милли Русия дар чанд рӯзи охир арзиши худро аз даст медиҳад. Рӯзи 10-уми март нархи он якбора 5 дарсад поин рафт ва коршинсон ин рӯзро барои рубл “сешанбеи сиёҳ” унвон карданд.Русия кишварест, ки бахши аъзами муҳоҷирони тоҷикро бо кор таъмин мекунад ва даромади муҳоҷирон бо рубл аст.