Барои роҳ надодан ба вирус бозорҳои Тоҷикистонро покиза мекунанд
![Барои роҳ надодан ба вирус бозорҳои Тоҷикистонро покиза мекунанд](https://gdb.rferl.org/a5d9d2d1-054c-4dae-8bfa-305180cf9ec2_tv_w800_h450.jpg)
Дар Тоҷикистон нақшаи вокуниш ба ҳолати фавқулода дар робита ба вируси хатарноки коронаро омода мекунанд. Мақомоти Вазорати тандурустӣ дар ин бора рӯзи 10-уми март дар нишасте бо иштироки намояндагони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Душанбе хабар доданд, аммо ҷузъиёти тарҳро ошкор накарданд.