AI: Ҳукмҳои қатл кам мешавад
Amnesty International – созмони Афви байнулмилал мегӯяд, ки дар саросари сайёра соли чорум аст, ки иҷрои ҳукми қатл камтар мешавад. Гузориши нави ин созмон ҳокист, ки соли 2019 дар ҷаҳон 657 ҳодисаи татбиқи ҳукми қатл сабт шудааст ва ин нишондод 33 ҳодиса камтар назар ба соли 2018 мебошад. Ҳукмҳои қатл дар 20 давлат побарҷо боқӣ мемонад. Дар гузориши рӯзи 21 апрел нашршуда Афви байнулмилал ба набуди шаффофият дар гузоришҳои марбут ба ҳукми қатл муроҷиат карда гуфтааст, ки шумори воқеии иҷрои ҳукмҳои қатл метавонад аз ин бештар бошад.
Бар асоси ҳисобҳои Афви байнулмилал, соли 2019 дар Эрон 251, дар Арабистони Саудӣ 184, дар Ироқ дасти кам 100 ва дар Миср 32 ҳодисаи иҷрои ҳукми қатл сабт шудааст.
Дар Эрон бо ин ки шумори ҳукмҳои қатл коҳиш ёфтаст, созмони ҳомии ҳуқуқ аз қатлҳои пинҳонӣ ёд мекунад. Дар гузориш омадааст, ки ду писарбачаи 15-сола дар як “додгоҳи ноодилона” ба таҷовуз ба номуси бисёркарата айбдор шуда, пинҳонӣ ба қатл расонида шуданд.
Дар гузориш инчунин омадааст, ки Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон дар миёни кишварҳое мебошанд, ки мораторий ё манъи иҷрои ҳукми қатлро риоя мекунанд. Аввалин бор аз соли 2010 дар Афғонистон ҳеҷ як ҳодисаи иҷрои ҳукми қатл сабт нашудааст.