Хешовандон мегӯянд, вазъи Озарахш андаке беҳтар шудааст. САДО
Пайвандони Озарахш, шоири шинохта ва сармуҳаррири маҷаллаи "Паёми Суғд", гуфтанд, ки ӯ субҳи 21-уми апрел, пас аз чанд рӯзи беҳушӣ, ба худ омадааст. Пизишкони бемористони Шайх Бурҳон бемории ӯро илтиҳоби шуш ё пневмония ва ҳамсараш, адибаи маъруф Фарзонаро сармохӯрдагӣ ташхис кардаанд.