Ҳамлаи дувум ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ. Созмонҳои дохилӣ ва байналмилалӣ маҳкум карданд
Намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо дар умури озодии матбуот ҳамла ба хабарнигор Абдуллоҳ Ғурбатиро маҳкум кард ва аз мақомоти Тоҷикистон хост, дар ин замина таҳқиқи пурра анҷом диҳанд ва гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ кашанд.