Сафари президент Раҳмон ба Ҷайҳун дар аҳди коронавирус
Президент Эмомалӣ Раҳмон бори аввал пас аз эълони ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон, ба яке аз ноҳияҳои кишвар сафар кард. Вай охирҳои моҳи март ба Суғд рафта, дар тантанаҳои наврӯзӣ ширкат карда буд. Тоҷикистон 30-юми апрел мавҷудияти коронавирусро дар кишвар эътироф кард.