Мы в Telegram
Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Фахриддин аз баҳси Гейтс ва Михалков чӣ бардошт?

Фахриддин аз баҳси Гейтс ва Михалков чӣ бардошт?

Соҳибёри Толиб,

рӯзноманигор

Ин шабу рӯзҳо тавассути месенҷерҳо аз шиносу ношинос линки филмҳое мерасад, ки тавлидгаронашон вируси COVID-19-ро як "силоҳи биологӣ" нишон медиҳанд. Ин қабил филмҳо кори дасти пайравони ҷараёнест, ки худро "ошиқи назарияи тавтиъа" ё конспирология меномад.

Ҳарчанд бархе аз коршиносон ин чизҳоро ҷиддӣ намегиранд, чунин филмҳо ва худи ин хабарҳо ба ҷомеа таъсир доранд. Порлумонҳо сари онҳо баҳс мекунанд, миллионҳо нафар муҷозоти гунаҳкоронро талаб доранд.

Сарватманди амрикоӣ Билл Гейтс борҳост, ба чунин паёмҳо посух медиҳад. Агар сухан дар бораи воксан ҳам равад Билл Гейтс бештар бо боварӣ ҳарф мезанад ва тамаркузи расонаҳои байналмилалӣ бештар ба чеҳраи ӯст ва агар дар мавзӯи силоҳи биологӣ будан, ё набудани COVID-19 ҳам баҳс сар занад, Билл Гейтс ва шахсиятҳои наздик ба ӯ гумонбар дониста шуданд. Шахсияте, ки дар доираҳои илмӣ мавқеи устувор дорад, бойбобои ҷаҳон, бо шарофати истеъдодаш кори миллионҳо инсонро осон гардонидааст, сарпарасти асосии Созмони ҷаҳонии беҳдошт, аммо имрӯз дар рӯ ба рӯи дурбинҳо нишаста, аз худ ҳимоят мекунад, ки вируси ҷаҳонгир лоиҳаи ӯ нест, балки ӯ дар мубориза бо вирус тадбир меҷӯяд.

Чӣ боис шуда, ки имрӯз доноеро ҷараёне "қотили башарият" мешиносонанд? Билл Гейтс соли 2015 дар ҳамоиши TED ҷаҳонро аз доманзании вируси хатарборе ҳушдор дода, аз зарурати воксан гирифтани саросарии аҳолии сайёра ҳарф зада, гуфта буд, ки ин мавзӯи дӯстдоштааш аст. Дар ин ҳамоиш ва дар дигар сӯҳбатҳои расонаӣ мавзӯи танзим намудани аҳолии сайёра то зери 5 миллиард, ҳушдор аз вируси ҷаҳонгир ва зарурати воксан барои ҳама аҳли сайёра аз забони Билл Гейтс батакрор садо додааст, ки имрӯз он ёддоштҳоро бештар блогнигорон ба чолиш мекашанд. Дар қиёс мушоҳида мешавад, ки блогнигорони Русия ва Ирон дар ин баҳс пешгоманд.

Дар Русия ин мавзӯъ дар сатҳи расонаҳои федеролӣ низ баррасӣ гардид. Шабакаи аввали ин кишвар дар чанд барномае ва коргардони синамои рус Никита Михалков тавассути шабакаи "Россия 24" пешгӯиҳои Билл Гейтсро дар мавзӯи "вируси ҳамагир" ва "кам кардани аҳолии олам" ба баҳс кашид. Ӯ ҷомеаи Русияро аз он ҳушдор дод, ки аз вирус хатарноктар - воксан аст. Ба бовари Михалков бо маҳлули воксан ба хуни инсонҳо тарошаи кӯчаку ноаёни электронӣ бо унвони "чип" равон мегардад ва бо он ҳар инсон мисли ғулом идора мешавад. Михалков гуфт, "шахсоне, ки аз гирифтани воксан даст мекашанд, аз пайдо намудани кори пурдаромад, таҳсил дар донишгоҳ, ҳуқуқи ронандагӣ (ва ғайраҳо) маҳрум мегарданд".

Баъди ин барнома, Михалков эътироз кард, ки телевизиони давлатӣ такрори барномаи ӯро дар вақти камбинанда пахш кардааст ва тавассути "Россия 24" дигар барнома пешниҳод намекунад. Михалков аз ҷумлаи ҳаводорони сиёсати раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин шинохта мешавад.

Алексей Навалний, мухолифи Путин ҳарфи Михалковро дар мавзӯи вирусу воксан ба истеҳзо бурда, аз пахши барномаи ӯ дар телевизиони сатҳи федеролӣ эҳсоси хиҷолат кард. Мақомоти Русия ба Роскомнадзор дастур додааст, то "иттилооти бепоя" дар мавзӯи "чипизатсия" назорат ва танзим гардад. Чанд шумор филме, ки блогнигорони рус дар ин мавзӯъ мунташир карда буданд, аз саҳифаи Ютюб ҳазф гардид. Муаллифон навиштанд, ки дастнорас шудани филмҳо аз сонсури Ютюб аст. Филмҳои дигар дар ин мавзӯъ бо миллионҳо боздид дар ҷомеаҳои русзабон афкор месозанд.

Бархе аз муҳоҷирон, ки ҷомеаи мусалмонони Русияро ташаккул медиҳанд, аз ин ахборот нигаронии хос доранд. Тори видеои суханварии инсоне дар либоси расмии мардона, ки бо забони инглисӣ дар бораи тавассути вирус ва воксан нобуд кардани "гени илоҳӣ" дар вуҷуди "ифротгароёни динӣ дар Афғонистон ва Ховари Миёна" ҳарф мезанад, дар гурӯҳҳои месенҷерӣ дар миёни мусалмонон сайр мекунад. Ӯ дар минбар, аз дур шинохта намешавад, садои суханварии шабеҳи Билл Гейтс ва он ҳамоиш, ки бо иштироки шахсони номаълум ва камшумор баргузор гардидааст, тибқи титри видео "рӯнамоии лоиҳае дар соли 2005, ки маконаш Пентагон" бо забони русӣ навишта шудааст. Видео сифати паст дорад ва ташхиси воқеияти он душвор аст, аммо чунин филмҳо нигаронии бархе аз мусалмонро афзудааст.

Муҳоҷири муслиме дар Русия, ки ба воқеияти чунин иттилоот бовар доштааст, дар зери филми мунташиршуде навиштааст, "мунтазир бошед, мосунҳо(шайтонпарастон) ба кишварҳои фақири мусалмонон воксани ройгон мефиристанд ва моро бенаслу кӯтоҳумр мекунанд". Ӯ ба аҳли оилааш гирифтани ҳеҷ воксанеро иҷозат намедодааст. Дигаре ба ӯ посух додааст, ки дар ҳар сурат ин вирус "лашкари Худо" аст ва "ҳам аз вирусу ҳам аз воксан эҳтиёт намудан зарур аст".

Мақомоти Маскав рӯзи 28 май Фахриддин Мирзомуродов ном шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир намудааст, ки тавассути Ютюб муҳоҷиронро аз хатари воксан огоҳ намудааст. Аммо садҳо нафар блогерон ва рӯзноманигорони рус дар ин мавзӯъ филмҳо месозанду чашми мақомоти Русия танҳо ба муҳоҷире афтодааст.

Баҳси "хатарнок" будани воксани то ҳоли ҳозир номаълум бар зидди COVID-19 нишон медиҳанд, ки нигаронӣ аз он дар доираҳои хос нерӯ мегирад. Як блогнигори иронӣ гуфтааст, дунё дар ояндаи наздик ба ду нерӯ тақсим мешавад, ки гурӯҳи бовардоштагон ба воксан ва онҳое, ки аз гирифтани воксан худдорӣ мекунанд. Имрӯз 29 майи соли 2020 ва то ҳоли ҳозир Созмони ҷаҳонии бешдошт воксанеро барои шифои беморони мубтало ба вируси COVID-19 барои ҳама тавсия надодааст. Миллионҳо нафар инсонҳо дар интизори пирӯзии тиб ба COVID-19 ҳастанд.

Читайте на 123ru.net


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

Подмосковье выиграло 5 медалей на международном детском фестивале гандбола

Блогеры России. Крупный фестиваль пройдет в разных городах страны

В Подмосковье отремонтировали дороги, ведущие к спортивным объектам

Семью депутата убили и засыпали экскаватором: Суд приговорил криминального авторитета Шишкана к пожизненному

Музыкальные новости

«Эмоции нужно выражать культурно»: рэпер Звонкий — о политических взглядах, зрителях и хорошем вкусе

Transfermarkt: Головин стал самым дорогостоящим российским футболистом

Глава Следкома России Александр Бастрыкин вступился за полицейского, которого выживают из МВД за случайное уbийство азербайджанца

"Евро-Футбол.Ру": "Спартак" летом хочет приобрести вингера

Новости России

Столица Золотого кольца. Как Ярославль привлекает инвесторов

Shot: в Москве миксер замотал волосы девятилетней девочки

Мобильный принтер этикеток iMove T3Pro - лёгкий, производительный, компактный

Жилье не для всех. Назван подвох инвестиций в «Арктическую ипотеку»

Экология в России и мире

Какие украшения чаще всего дарят на годовщину свадьбы: исследование «585*ЗОЛОТОЙ»

LISA FM Александр Белоносов выпустил альбом «Родина Сердца: Дневник Психолога»

Армянские ковры Арцаха (Карабаха) с уникальным орнаментом представлены как «генетический код» Азербайджана - сайт monumentwatch

Глава Следкома России Александр Бастрыкин вступился за полицейского, которого выживают из МВД за случайное уbийство азербайджанца

Спорт в России и мире

Каспер Рууд: «Не буду выступать на турнирах перед «Уимблдоном», но на нем, конечно, сыграю»

Испанец Карлос Алькарас выиграл Открытый чемпионат Франции по теннису

Глава ATP вручил Яннику Синнеру награду первой ракетки мира

Теннисистка Андреева заявила, что хочет войти в топ-20 рейтинга WTA ради собаки

Moscow.media

Филиал № 4 ОСФР по Москве и Московской области информирует: Соцфонд выдал проактивно 3,2 млн сертификатов на материнский капитал

Сотрудники военных следственных органов Следственного комитета России по всей стране оказывают помощь подшефным детским учреждениям

В Орле опять неполадки с движением троллейбусов

Любимый внедорожник россиян стал еще доступнее: известна цена







Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *