Марафони дави Бостон тирамоҳ ҳам барпо намешавад
![Марафони дави Бостон тирамоҳ ҳам барпо намешавад](https://gdb.rferl.org/C6240D58-626F-467F-9E8B-0A4362B9F91B_w800_h450.jpg)
Дар ИМА барои аввалин бор дар 124 сол баргузории марафони Бостон, ки ба 14 сентябр таъин шуда буд, бекор карда шуд. Дар ин бора шаҳрдори Бостон Мартин Уолш дар сайти расмии марафони дав хабар дод. Қаблан ҳам дави маъруфи серҷамъият бо сабаби пандемияи коронавирус аз 20 апрел ва 14 сентябр паспарто шуд, вале ҳоло ташаббускоронаш гуфтанд, ки онро ба шакли виртуалӣ баргузор мекунанд. Иштирокдорон бояд 42 километр масофаро дар 6 соат убур карда тасдиқи дави худро ба ташкилкунандагон фиристанд. Дар поёни он ба ширкатдорон футболка, нишон ва як рамзи давандаи марафон тақдим мешавад. Ҳар сол дар марафони Бостон даҳҳо варзишгари касбиву беш аз 30 ҳазор дӯстдорони дави варзишӣ иштирок ва беш аз як миллион нафар ҳамасола аз ин маросим мушоҳида мекунанд. Масъулон гуфтанд, ки ташкили чунин маъракаи серодам бо риояи меъёрҳои бехатарӣ ва фосилагирӣ имконнопазир хоҳад буд ва маълум аст, ки ин масъала то тирамоҳ ҳам ҳалли худро намеёбад. Марафони Бостон аввалин бор соли 1897 бо иштироки 15 нафар баргузор шуд. Соли 1918 бо сабаби ҷанги якуми ҷаҳон он ба шакли эстафета баргузор шуд. Соли 2013 баъди он ки дар марраи ниҳоии марафон ҳамлаи террористӣ рух дод, маърака боздошта шуд. Дар он ҳодиса се нафар кушта ва 300 нафар захмӣ шуд.