Муфаттишони қирғиз иддао карданд, ки марди кушташуда ба хабарнигорони Озодӣ "пул дода буд"
Мақомоти амниятии Қирғизистон бо изҳороте беасос иддао карданд, ки рӯзноманигорони бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз касе, ки пулшӯиро эътироф кард, 100 ҳазор доллар гирифтаанд. Ин шахс манбаи таҳқиқоти рӯзномангорӣ дар бораи фасодкорӣ дар ин кишвари Осиёи Марказӣ буд.