Доштани ниқоби тиббӣ дар Тоҷикистон ҳатмӣ шуд, дари бозорҳоро мекушоянд
Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо коронавируси нав дар Тоҷикистон дастур додааст, ки бозорҳои фурӯши либос, тарабхонаву меҳмонхонаҳо ва кошонаҳои ҳусн аз 15-уми июн дубора ба кор сар кунанд, чун ба бовари мақомот “вазъи эпедимеологӣ тадриҷан ба эътидол меояд”.