Додгоҳи Маскав собиқ маллоҳи амрикоӣ Виланро ба 16 соли зиндон маҳкум кард
Додгоҳе дар Русия Пол Вилан, собиқ узви нирӯҳои баҳрии ИМА-ро дар ҷосусӣ муттаҳам кард, вале худи ӯ ин иттиҳомро қотеона рад мекунад.
Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 15 июн Виланро дар як мурофиаи пушти дарҳои баста ба 16 соли зиндон маҳкум кард. Мақомот гуфтанд, ки мурофиа бо сабаби баррасӣ шудани маводи махфӣ ва ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус баста сурат мегирад. Вилани 50-сола шаҳрвандии Бритониё, Канада ва Ирландияро дорад. Ӯро моҳи декабри соли 2018 боздошт карданд ва моҳи марти имсол дар пасманзари пандемияи коронавирус ва эътирозҳои дипломатӣ мурофиаи додгоҳии ӯ шурӯъ шуд. Вилан ҳама иттиҳомотро рад кардааст. Дар мурофиаи рӯзи 25 май додситон аз додгоҳ хост, ки ӯро бо гуноҳи ҷосусӣ ба 18 соли зиндон маҳкум кунанд. Пеш аз содир шудани ҳукми додгоҳ мақомоти амрикоӣ аз Маскав тақозо карданд, ки Виланро озод кунанд ва Русияро барои “бархӯрди шармандавор” бо ӯ интиқод карданд. Ҷон Салливан, сафири ИМА дар Русия рӯзи 14 июн гуфт, ки мурофиа одилонаву шаффоф набуд ва ҳеҷ далели содир шудани ҷиноят аз ҷониби Вилан пешниҳод нагардид.