Мы в Telegram
Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Рамзан Қодиров дар Маскав дар ҳамсоягии қотилони Борис Немтсов зиндагӣ мекард

Рамзан Қодиров дар Маскав дар ҳамсоягии қотилони Борис Немтсов зиндагӣ мекард

Рамзан Қодиров, раҳбари Чеченистон ва хонаводааш дар Маскав дар ҳамсоягии Мовсар Бараев ва қотилони Немтсов зиндагӣ кардааст. 

Хонаводаи Рамзан Қодиров дар пойтахти Русия дар биное хона дорад, ки тибқи иттилоти тафтишот, нақшаи омодагӣ ба ҳамлаи пурқурбонии террористӣ, дар театри Дубровка ҳам дар он кашида шудааст. Раҳбари гурӯҳ Мовсар Бараев, шаҳрванди Чеченистон ҳам дар ин бино дар ҳамсоягии хонаи Қодиров зиндагӣ кардаву ба амалиёти муҳосираи театр омодагӣ дидааст. Дар бинои муқобили он, чанде пеш аз куштори сиёсатмадор ва мухолиф Борис Немтсов, шаҳрвандони дигари Чеченистон қарор гирифтанд, ки баъдан дар марги ӯ гунаҳгор дониста шуданд. Тавре дар парвандаи ҷиноятӣ гуфта шудааст, қотилони Немтсов маҳз дар он бино тарҳи кушторро омода карда, пас аз анҷоми ҷиноят боз ба ин хона баргаштаанд. 

Расонаҳои мустақил зимни таҳқиқи ин мавзӯъ ба маълумоти "Росреестр" такя кардаанд, ки дар он гуфта мешавад, ҳарду хона ба дастгоҳи президенти Русия тааллуқ доранд. Бинои рақами 30 корпуси 2 дар кӯчаи Веерний дар ғарби Маскав соли 1997 барои мансабдорони воломақоми Русия бунёд шудааст. Дар қатори мақомдорони дигар, дар ин бино ба Аҳмад Қодиров ҳам хонае бо масоҳати 150 метри квадратӣ дода шуда буд.

Аҳмад Қодиров, падари Рамазон Қодиров соли 2000-ум раҳбари Чеченистон таъин шуд. Моҳи январи соли 2002 хонаводаи Қодиров бо шумули духтарон ва писараш Рамзан, хонаро моликияти шахсӣ карданд. Дар таҳқиқот гуфта мешавад, ки Рамзан Қодиров пас аз фавти падараш дар соли 2004, дар санадҳо доир ба даромадҳояш дар бораи ин хона маълумот надодааст. Ӯ ҳаққи худро дар ин манзил чун як меросбар то соли 2010 ҳифз кардааст. Баъдан хона расман ба номи модари Рамзан, Айманӣ, ки бунёди "Аҳмат Қодиров"-ро раҳбарӣ мекунад, гузаронида шуд. 

Хонаи истиқоматии дигар дар бинои 46, корпуси як, воқеъ дар кӯчаи Веерний ба Артур Гереемев, яке аз хешовандони фармондеҳи собиқи Чеченистон Руслан Геремеев тааллуқ дорад. Руслан Геремеев барои ташкили куштори Борис Немтсов дар пайгардӣ байналмиллалӣ қарор дорад. Заур Дадаев, ки барои ин куштор 20 сол маҳкум ба зиндон шуд, аз зертобеони Геремеев буд.

Наздикону ҳамкорони Немтсов борҳо аз бемайлии мақомоти Русия барои оғози тафтишот алайҳи Геремеев, ки ба Рамзан Қодиров наздикӣ дорад, нигаронӣ кардаанд. Гуфта мешавад, ки Артур Геремеев ду моҳ қабл аз ҳодисаи қатли Немтсов дар кӯчаи Веерний соҳиби хона шуд. 

Борис Немтсов, аз мухолифони сарсахти ҳукумати Владимир Путин, 27 уми феврали соли 2015 дар наздикии Кремл, маркази Маскав кушта шуд. Созмондиҳандагону фармоишгарони куштори ӯ то ҳанӯз ошкор нашудаанд. Ҳарчанд соли 2017 панҷ мард дар Чеченистон барои қатли Немтсов ба зиндон маҳкум шуданд, вале наздикон ва мунтақидон гумон мекунанд, ки дастури қатл дар сатҳи болотар содир шудааст ва ҳатто ба андешаи онҳо эҳтимол дар ин кор атрофиёни президенти Русия Владимир Путин ҳам даст доранд. 

23-юми октябри соли 2002 театри Дубровка дар Маскав ҳангоми намоишномаи "Норд-Ост" бо беш аз 900 нафар ба муҳосира гирифта шуд. Пас аз 3 рӯз, мақомот гуфтушунид бо терористонро қатъ карда, ба амалиёти озод кардани театр шурӯъ карданд, ки дар пай биноба иттилои расмӣ 130 нафар, вале тибқи омори созмони ҷамъиятии "Норд Ост", 174 нафар куштаву 700 нафар захмӣ шуданд. Аксарият дар ин ҳодиса бар асари заҳролудшавӣ аз гази номаълум, ҷон бохтанд. Маскав дар бораи аз кадом газ истифода карданаш то ҳол иттилоъ надодааст ва пизишконе ҳам, ки барои наҷоти қурбониёни ин ҳамла талош кардаанд, дар бораи таркиби ин газ иттилое надоранд.

Соли 2011 Додгоҳи Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон, шикояти гурӯҳии ҷабрдидаҳо аз ин ҳамлаи терористиро баррасӣ ва эътироф кард, ки мақомоти Русия, ҳуқуқ ба зиндагӣ ва мурофиаи одилонаро нақз кардааст. Додгоҳ Русияро муваззаф кард, ки ба хонаводаҳои қурбониёни амали террористӣ, ҷубронпулӣ бидиҳад ва сабаби марги 130 нафарро таҳқиқ кунад. Аммо Кумитаи тафтишотии Русия дар нисбати афроде, ки дар ин ҳодиса сабабгори марги одамон шудаанд, парванди ҷиноятӣ боз накард.

Читайте на 123ru.net


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

На 85-м году жизни скончалась актриса Театра Вахтангова Инна Алабина

Певец Агутин посвятил песню «Паришь в облаках» умершей актрисе Заворотнюк

В Москве пациент устроил поджог в туалете наркологической клиники

"78.ru": в Ленобласти ребенок сорвался с высоты на туристических сборах

Музыкальные новости

В Республике Марий Эл с успехом прошел кинофестиваль «Движение по вертикали» памяти Станислава Говорухина

Всеармянский союз «Гардман-Ширван-Нахиджеван» осуждает лживое заявление президента Азербайджана Алиева

Конец близок в релизном трейлере Destiny 2: The Final Shape

Почта России помогла детям-подопечным благотворительных фондов встретиться с футболистами ЦСКА

Новости России

На выставке «Россия» прошёл фестиваль «Движения первых»

В Москве начнется новый сезон концертов «Музыка на крыше»

"Гриша, уходи!": реакция интернет-сообщества на вылет "Урала" из РПЛ

"78.ru": в Петербурге покупатели с ножом напали на продавца в магазине

Экология в России и мире

Бесплатные ежедневные тренировки от сети фитнес-клубов Spirit. Fitness в парке Горького/Музеон

Пегас сделал важное заявление по Египту: стали известны цены на туры на предстоящую зиму

Доктор Кутушов назвал болезни, которые поджидают отдыхающих у водоёмов

Конференция «Общество и психическое здоровье» прошла в Ставрополе

Спорт в России и мире

Не ходите, дети, в теннис: как Андре Агасси и Штеффи Граф подарили детям право выбора

Синнер повторил достижение Джоковича и Надаля по победам на "Больших шлемах"

Теннисистка Петрова: Хачанов совершил недопустимую ошибку на "Ролан Гаррос"

Медведев с трудом вышел в четвертый круг "Ролан Гаррос"

Moscow.media

Муруджинские озера

Количество «брака» в биомедицинских работах увеличилось в четыре раза за 20 лет

Белоусов и его зам продолжают зачистку. Настала очередь главного коммунальщика Минобороны. Обвинение просит 12 лет за взятку

Распределяй и управляй: водители «Грузовичкоф Бизнес» – о преимуществах работы и трудовых буднях  







Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *