ИМА кормандони Додгоҳи байналмилалии Гаагаро таҳрим кард
Маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп нисбати додситони аршади Додгоҳи байналмилалии Гаага ва мушовири калони ӯ барои он ки ҷиноятҳои амрикоиҳо дар Афғонистонро таҳқиқ мекунанд, таҳрим ҷорӣ кард. Котиби давлатии ИМА Майк Помпео дар ин бора изҳороте дод ва гуфт, ки Додгоҳи байналмилалии Гаага “як сохтори харобшуда ва фасодзада” буда, ИМА талошҳои “ғайриқонунии ба ҷавобгарӣ кашидани амрикоиҳоро таҳаммул намекунад”. Помпео дар нишасти хабарии Департаменти давлатӣ гуфт, таҳримҳо алайҳи Фату Бенсуда ва Факисо Мочочоко - додситони аршад ва раиси бахши адлия ҷорӣ мешаванд. Таҳримҳо масдудкунии дороиҳои ин афрод дар ИМА-ро дар назар мегирад.
Моҳи марти соли ҷорӣ Додгоҳи байналмилалии Гаага ба Бенсуда иҷоза дод, ки ҷиноятҳои ҷангӣ дар Афғонистонро таҳқиқ кунад ва метавонад ин тафтишро дар нисбати Толибон, низомиёни афғон ва нирӯҳои амрикоӣ анҷом бидиҳад. Помпео гуфт, нафароне, ки Бенсуда ва Мочочокоро бо маводи ёрирасон дар таҳқиқи амрикоиҳо таъмин мекунанд, бо ҷаримаҳои ИМА рӯбарӯ мешаванд. ИМА ҳеҷ гоҳ узви ин додгоҳ набуд. Дар вокуниш ба ин тасмим додгоҳ гуфт, ки аз кормандонаш ҳимоят ва таҳримҳоро маҳкум мекунад.