Мунтахаби Тоҷикистон бозии дӯстонаро дар Тошканд ба дастаи Узбекистон бохт
Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар бозии байналмилалии дӯстона аз мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Бозӣ шоми 3-юми сентябр дар варзишгоҳи «Локомотив»-и Тошканд бе ҳузури тамошогарон доир гардид.
Ҳисобро дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 33-юм, ҳамлагари мунтахаби Узбекистон Шаҳзодбек Убайдуллоев кушод. Ӯ тӯбро аз ҷаримагоҳи меҳмонон бо зарбаи сар ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ворид намуд.
Дар оғози нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 48-ум, бозигари мунтахаби Тоҷикистон Зоир Ҷӯрабоев тӯби ба назди дарвозаи мизбонон задаи ҳамдастааш Эҳсони Панҷшанберо бо зарбаи сар ба ҳадаф расонд ва ҳисоб баробар шуд – 1:1.
Ҳангоми ҳуҷуми мунтахаби Узбекистон меҳмонон дар ҷаримагоҳи худ бозигари мизбононро аз по афтонданд. Сардовар Аҳрор Ризқулиев ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ҷаримаи 11-метрӣ таъйин кард. Тӯбро аз пеналтӣ Мурод Холмуҳаммадов ба дарвозае, ки онро Шоҳрух Қирғизбоев ҳимоя мекард, ворид намуда, мунтахаби Узбекистонро ба пеш баровард. Ҳамин тариқ, бозии дӯстона бо пирӯзии футболбозони узбек бо ҳисоби 2:1 анҷом пазируфт.
Бояд гуфт, аз ин пеш тимҳои миллии Тоҷикистон ва Узбекистон нӯҳ сол қабл, моҳи ноябри соли 2011, дар марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар Тошканд рӯбарӯ шуда буданд. Дар ин бозӣ мизбонон бо ҳисоби 3:0 ғолиб омаданд.
Зимнан, дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистону Узбекистон бо ҳам 9 бор рақобат кардаанд. Дар панҷ бозӣ футболбозони узбек, дар як дидор бозигарони тоҷик пирӯз шудаанд, се бозӣ мусовӣ гаштааст.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии байналмилалии дӯстона муқобили мунтахаби Узбекистон бо чунин ҳайат ба Тошканд сафар карда буд:
Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Қурбоналӣ Бобоев («Кӯктош»);
Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷӯрабоев, Ваҳдат Ханонов (ҳарчор аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Помир»), Хуршед Бекназаров, Алишер Баротов (ҳарду аз «Хуҷанд»);
Нимҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарсе аз «Истиқлол»), Илҳом Баротов («Истаравшан»), Умарҷон Шарипов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов («Файзканд»), Комрон Турсунов («Моҳун Баган», Ҳиндустон), Хуршед Абдуллоев («Душанбе-83»);
Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев, Тоҳир Малодӯстов (ҳарду аз «Хуҷанд»).
Сармураббӣ – Усмон Тошев (Узбекистон).
Сармураббии дастаи мунтахаби миллии Узбекистон Вадим Абрамов ба бозии дӯстона муқобили мунтахаби Тоҷикистон 26 бозигарро даъват кард, вале ба ин бозӣ футболбозоне, ки дар бошгоҳҳои хориҷӣ ҳунарнамоӣ мекунанд, даъват нашуданд.
Ҳайати дастаи мунтахаби Узбекистон дар бозии дӯстона бо мунтахаби Тоҷикистон:
Дарвозабонҳо: Элдор Суюнов (“Пахтакор”), Абдувоҳид Неъматов (“Насаф”), Ботиралӣ Эргашев (“Қуқанд-1912”);
Ҳимоятгарон: Ҳусниддин Алиқулов («Насаф»), Анзур Исмоилов (“Пахтакор”), Санҷар Қодирқулов (“Бунёдкор”), Игор Голбан (“Навбаҳор”), Исломиддин Қобилов (“Бунёдкор”), Иброҳимхалил Юлдошев (“Бунёдкор”), Ҳоҷиакбар Алиҷонов (“Пахтакор”), Мурод Холмуҳаммадов (“Қуқанд-1912);
Нимҳимоятгарон: Нурилло Тухтасинов («Бунёдкор»), Лутфулло Тураев («Бунёдкор”), Аброрбек Исмоилов (“Пахтакор”), Азиз Турғунбоев (“Навбаҳор”), Фаррух Икромов (“Бунёдкор”), Ҳоҷимат Эркинов (АГМК), Искандар Шойқулов (“Суғдиён”), Ойбек Бозоров (“Насаф”), Акмал Мозговой (“Насаф”), Қувондиқ Рӯзиев (Қуқанд-1912”), Суҳроб Бердиев (Қуқанд-1912”), Ҳусниддин Гафуров (“Сурхон”);
Ҳамлагарон: Бобур Абдухолиқов (“Насаф”), Шаҳзодбек Убайдуллоев (“Металлург”), Темурхуҷа Абдухолиқов (“Локомотив”).
Сармураббӣ – Вадим Абрамов (Узбекистон).