Комроншоҳи Устопириён дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон медали биринҷӣ гирифт
Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони машҳури тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки дар шаҳри Нови-Сади Сербистон ҷараён дорад, медали биринҷӣ гирифт. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, шаби 6-уми ноябр хабар дод.