Шерхон Салимзода баъди барканорӣ: акнун омӯзгорӣ мекунам
Генерал Шерхон Салимзода рӯзи 18-уми ноябр аз вазифаи мудири Оҷонсии назорати маводи нашъаовар барканор шуд ва дар аввалин вокунинаш гуфт, заҳмати панҷсолааш ин буд, ки қочоқи маводи мухаддир “аз масири шимол” бамаротиб коҳиш ёфтааст.