Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Даъвати Тоҷикистон ба рушди иқтисоди интернетӣ дар қаламрави СҲШ

Тоҷикистон ба ҳайси раҳбари давраии Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой аз кишварҳои дигари узв даъват кард, ки ба рушди заминаҳои тиҷорати электронӣ ва инфрасохтори рақамӣ таваҷҷӯҳ кунанд. Оҷонсии расмии ТАСС рӯзи 12-уми январ хабар дод, ки бо чунин даъват сафири Тоҷикистон дар Чин Зоҳир Саидзода  дар нишасти матбуотии марбут ба раҳбарии имсолаи Душанбе дар ин созмони минтақавии сиёсӣ, ки зери назари Пекин ва Маскав мебошад, суханронӣ намуд. Сафири Тоҷикистон дар Чин гуфтааст, “дар даҳсолаҳои охир нақш ва аҳамияти иқтисоди рақамӣ афзун гардид ва тиҷорати ҷаҳонӣ ҳам ба воқеиятҳои рақамӣ бештар ворид мешавад”. Саидзода гуфтааст, ки кишварҳои узви СҲШ бояд “майдони тиҷорати электронӣ”-ро рушд дода, қонунгузориҳои кишварро ҳам мутобиқ ба ин талабот такмил бикунанд. 


Даъвати дипломати баландпояи тоҷик дар ҳолест, ки ба вижа дар давраи пандемияи коронавирус ва ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои сартосарӣ, аз ҷумла дар муомилаҳои тиҷоратӣ, заъфи иқтисоди Тоҷикистон дар заминаи пешбурди тиҷоратҳои интернетӣ бармало шуд. Яке аз интиқодҳои ҷиддии солҳои охир аз мақомоти тоҷик ин аст, ки маҳдудияти кори шабакаи ҷаҳониро шадидтар кардаанд ва суръати интернет суст шуда,  арзиши он барои аҳолӣ гарон анҷом мешавад. 


Ин дар ҳолест, ки дар шароити камбуди ҷойҳои кориву даромади аҳолӣ, ки дар солҳои иқтисод бештар ба умеди бозори кори Русия зиндагиро пеш мебарад, рушди интернет ва тиҷорату муомилаҳои иқтисодиро бисёр коршиносон яке аз роҳҳои муассири пешбурди иқтисод меноманд.   Ба узвияти СҲШ Чин, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон шомил ҳастанд. Аксари таҳлилгарон ин эътилофро василаи сиёсии Русия ва Чин мешуморанд. Он дар ибтидо бо номи "Панҷгонаи Шонгҳой" таъсис ёфта, ҳадафаш ҳалли мушкилоти марзи байни Чин ва давлатҳои тозаистиқлоли Шӯравии пешин буд ва мусоидат кард, ки ин кишварҳо қисме аз қаламравҳои худро ба Чин диҳанд, то масъалаи даъвоҳои марзӣ аз байн равад.


Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон дар ин созмон мавқеи нозирро дошта, Арманистон, Озарбойҷон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка кишварҳои муколамакунандаи шарик ба шумор мераванд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *