Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Нигарониҳо аз  эҳтимоли “эътирозҳои мусаллаҳона” дар остонаи савгандёдкунии Байден

FBI – Бюрои федеролии таҳқиқот аз эҳтимоли дар остонаи маросими савгандёдкунии президенти мунтахаб Ҷо Байден дар таърихи 20-уми январ  сар задани “эътирозҳои мусаллаҳона” дар саросари кишвар огаҳ кард. Дар як бюллетени ин оҷонсӣ, ки рӯзи 11-уми январ дастраси матбуот шуд, омадааст, ки дар 50 аёлат ва ҳам назди бинои Капитол “эътирозҳои мусаллаҳона” пешбинӣ шудааст. Дар аксар иёлоти ИМА, ба истиснони пойтахт - шаҳри Вашингтон ошкоро нигаҳ доштани силоҳ қонунӣ ҳисоб мешавад. Огаҳӣ аз  эътирозҳои сартосарии эҳтимолӣ, ки  таърихи 16 то 20-уми январро фаро мегиранд, дар ҳоле нашр мешавад, ки ҳафтаи гузашта издиҳоми хушунатомез ба бинои Капитол ҳамла кард. Дар ин ҳодисаҳо, ки баъди  иттиҳоми беасоси  президент ИМА Доналд Трамп дар бораи тақаллуб шудани натиҷаҳои интихоботи президентӣ сар зад, панҷ нафар кушта шуд. FBI инчунин гуфтааст, ки дар бораи даъвати гурӯҳе ба ҳамлаи  биноҳои ҳукумати марказиву маҳаллӣ ва додгоҳҳо хабар дарёфт кардааст. Ба навиштаи ин ниҳод, таҳдиди ҳамла дар сурате будааст, ки агар президент Трамп пеш аз анҷоми мӯҳлаташ аз мақомаш барканор шавад. ABC News ва CNN инчунин гуфтанд, ки ин гурӯҳ ба ҳамлаи биноҳои ҳукуматӣ дар рӯзи савгандёдкунии Байден таҳдид кардааст. Дар паи хушунатҳои ҳафтаи гузашта мақомоти бисёр иёлот дар Амрико тадбирҳои амниятиро шадидтар кардаанд.


 

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *