Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Ғалабаи дувуми мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар "Ҷоми рушд-2021” дар Минск

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар бозии дувумаш дар  мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми рушд-2021”, ки имрӯз, 3-юми феврал, дар Мински Беларус баргузор шуд, бар тими Молдова бо ҳисоби бузурги 5:1 пирӯз шуд.


Голҳои Ҳукмиддин Шомуродов, Хусрав Тоиров, Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Асадбек Ҷӯрабекзода ва Суннатулло Азизов ба мунтахаби Тоҷикистон се имтиёз овард.


Аз ин пеш дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар нахустин бозиаш дар мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми рушд-2021”, ки 31-уми январ дар Минск баргузор шуд, тими Қазоқистонро бо ҳисоби бузурги 7:1 шикаст дода буд.


Футболбозони навраси тоҷик бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев бозии охиринро дар Минск 6-уми феврал бо дастаи мизбон - Белорус анҷом хоҳанд дод. 


Дар "Ҷоми Рушд-2021" чаҳор дастаи наврасон – Белорус, Қазоқистон, Молдова ва Тоҷикистон, ки аз ҳисоби футболбозони соли таваллудашон на болотар аз 2004 иборатанд, ширкат дорад.


Мусобиқаи анъанавии зимистона дар толори футболи Минск аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари имтиёзҳои бадастоварда маълум хоҳад шуд.


Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон соли гузашта ба финали «Ҷоми рушд-2020» роҳ ёфта буд. Футболбозони навраси тоҷик, ки дар бозии ниҳоӣ дар Минск аз мунтахаби наврасони Беларус (U-17) аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4:5 (замони асосӣ – 2:2) мағлуб шуданд, барои ҷойи дувум бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд.


Мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021” дар Минск



Даври 1-ум


31-уми январ (якшанбе)


Қазоқистон (U-17) – Тоҷикистон (U-17) – 1:7


Голҳо: Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 32 (0:1). Меҳрубон Каримов, 54 (0:2). Алиҷони Айнӣ, 60 (0:3). Хусрав Тоиров, 66 (0:4). Никита Губарев, 71 (1:4). Хуршед Давлатзода, 80 (1:5). Шаҳриёри Иноятулло, 84 (1:6). Асадбек Ҷӯрабекзода, 89 (1:7).


31-уми январ. Минск. Толори футбол.


Белорус – Молдова – 0:2



Даври 2-юм

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *