Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

ИДМ маркази мубориза бо маблағгузории терроризмро таъсис медиҳад

Масъулини  Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) мегӯянд, ки дар назди ин созмони зери назари Русия қарор аст Маркази арзёбии хатарҳои пулшӯӣ ва маблағгузори терроризм сохта шавад. Хабаргузории "Интерфакс-Запад" рӯзи 3-юми феврал бо такя ба дафтари матбуоти ИДМ навишт, ки вазифаи ин марказ аз тақвияти ҳамкориҳои сохторҳои марбут ба иктишофи молӣ иборат хоҳад буд. Дар бораи зарурати таъсиси чунин як марказ рӯзи 2 феврал дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи ИДМ таъкид шудааст, ки ба таври онлайнӣ барпо шуд. Ин марказ бар асоси созиши байнидавлатии ширкатҳои узв ташкил хоҳад шуд, вале маълум нест, ки маблағгузории он чигуна сурат мегирад ва сохтори ин марказ аз чӣ иборат мешавад.


Дар ҷаласа гуфта шудааст, ки ба хотири мубориза бо пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм амалиёти ба ном “Орион” роҳандозӣ хоҳад шуд, ки ҳадафаш маълум кардани ширкатдорони бозори махфии маблағгузориҳои машкук мебошад. Намунаи чунин амалиёт бо номи рамзии “Роҳи Каҳкашон” соли 2015 ҳам дар кишварҳои ИДМ барпо шудааст. Дар хабар дар бораи натиҷаҳои ин амалиёт иттилое дода намешавад. Аз ҷумла, маълум нест, ки то куҷо фаъолияти ин созмон воқеан ҳам барои муқобила бо фасод равона шуда, барои истифода бар зидди мунаққидони режимҳо ба кор намеравад. 


Дар ҷаласаи ахир намоянагони  кишварҳои  Арманистон, Беларус,

Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва  Узбекистон  ширкат кардаанд.


Баъзе аз таҳлилгарон  ИДМ-ро, ки зери назари Маскав  таъсис шудааст, як ташаккули дигари монанд ба СССР меноманд.  Аксар ташаббусҳои ин ва дигар созмонҳои сиёсии зери назари Русия ба тақвияти ҳукуматҳои худкома аз роҳи бештар кардани салоҳиятҳои сохторҳои интизомиву қудратӣ равона шудааст.  Дар нишастҳои ин созмонҳо маъмулан масъалаи ҳуқуқи башар, демократияву интихоботҳои шаффоф ва озодиҳои сиёсиву эътиқод расидагӣ намешавад.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *