Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Ҳукми Навалний боиси вокуниши тунди Ғарб ва тарафдорони ӯ шуд

Ҳукми як додгоҳи ноҳиявии Маскав, ки гуфт, сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Алексей Навалний 2 солу 8 моҳро дар зиндон пуштисар мекунад, вокунишҳои тунди кишварҳои ғарбӣ  ва ҳам намоишҳои эътирозии навро дар Русия ба бор овард. Таҳлилгарон мегӯянд, ҳукми рӯзи 2-юми феврал паём ба дигар мухолифони ҳукумат аст, ки саркӯб хоҳанд шуд. Додрас Наталя Репникова дар ҳукми худ гуфт, ҳабси шартии Алексей Навалний бар асоси хулосаҳои додгоҳи соли 2014 оид ба иттиҳоми фасод ба ҳукми 2 солу 8 моҳи зиндон иваз мешавад. Ӯ гуфт, ки Навалний ҳукмро дар зиндони низомаш умумӣ пуштисар хоҳад кард.


Ин қарор хашми тарафдорони ӯро ба бор овард, ки ҳамон замон ба нишони эътироз ба хиёбонҳо рехтанд. Вашингтон аз Русия талаб кард, ки Навалний ва дигар эътирозгарони ахиран боздоштшударо озод кунад. Олга Михайлова, вакили дифои Навалний гуфт, ки аз болои ин ҳукм бо талаби бозбинӣ шуданаш шикоят хоҳад бурд.


Сиёсатмадори 44-сола баъди солҳои зиёд батадриҷ ва ба таври моҳирона матраҳ кардани мушкилоти иҷтимоиву фасод дар ҷомеаи Русия ба як шахсияти фавқулодда маъруфи оппозитсияи ин кишвар табдил шуд. Ӯ як таҳдиди воқеии Кремлин шудааст ва таҳлилгарон мегӯянд, зоҳиран, мақомот дар шахсияти ӯ мехоҳанд дигарҳоро ҳам муҷозот кунанд. Татяна Становая, муассиси маркази таҳлилии R.Politik гуфт, ки ҳукми сангини Навалний ва дигарҳо ба он маъност, ки онҳо “дарк бикунанд, ки имкон дорад умри боқимондаи худро пушти панҷара сипарӣ кунанд”.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *