Навалний гуфт, ки ба ӯ ҳабс дар утоқи ҷазо таҳдид мекунад
Навалний навишт, ки як ҳолати вайрон кардани қоидаи зиндон ин буд, ки аз замони муқарраршуда 10 дақиқа пештар аз хоб хесту дар ҳолати дуюм дар мулоқот бо вакилони дифояш бо футболка ё куртаи ғайризиндонӣ ҳозир шуд. Навалний, ки дар изҳороти инстаграмиаш талош мекунад шӯхиомез нависад, ҳолати ба ӯ эълон кардани мавридҳои нақзи қоидаҳои зиндонро ба баҳсе бо омӯзгори мактаби миёнаи шӯравӣ шабоҳат додааст. Ӯ гуфт, қоидаи мактаби шӯравӣ ин буд, ки “набояд бо омӯзгор баҳс кунӣ”, чунки “муаллим аз ту беҳтар медонад”.
Ҳафтаи гузашта мавзӯи саломатии Навалний доғ шуд, чун, бино ба гуфтаи вакилонаш, ӯ давоми як моҳ аз дарди миёну пой азият мешавад, вале мақомот ба ӯ ёрии зарурии тиббӣ нарасониданд.
Навалний, ки аз як заҳролудшавӣ бо заҳри низомие беш аз ним сол дар Олмон табобат гирифт, баробари баргаштан ба Маскав боздошт ва дар нақзи қарори додгоҳ аз соли 2014 дар бораи ҳабси шартӣ гунаҳгор шуд. Ӯро ба мӯҳлати 2,5 сол ба зиндон андохтанд. Ғарбу Аврупо озод шудани ӯро талаб доранд, вале Кремл гуфтааст, ки ба ин даъватҳо гӯш намекунад.