Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Гузориши нави HRW  саркӯби журналистон дар Беларусро таҳқиқ мекунад 

Гузориши нави созмони ҳомии ҳуқуқи инсон Human Rights Watch, ки 29-уми март нашр шуд, мегӯяд, мақомот дар Беларус давоми панҷ моҳи гузашта фишор болои матбуоти мустақилро афзоиш дода, ба боздоштҳои беасос, ҷаримабандӣ ва ҳабс бар асоси ангезаҳои сиёсӣ даст задаанд. Муҳаққиқони ин созмон мегӯянд, ки қонуншиканиҳои сабтшуда талоши мақомоти Беларус барои хомӯш кардани садои матбуот аст, ки дар бораи нақзи ҳуқуқи инсон ва эътирозҳои сулҳомези Беларус баъди интихоботи президентии моҳи август гузоришҳо нашр мекарданд. Тарафдорони мухолифон мегӯянд, ки натиҷаҳои интихоботи порсола ба манфиати Александр Лукашенко тақаллуб шудааст. Лукашенкоро комиссиюни марказии интихобот бори шашум барандаи интихобот номид, вале эътирозгарон ва мухолифон ин натиҷаҳоро эътироф намекунанд ва талаб доранд, ки ин натиҷаҳо бекор шуда интихоботи нав баргузор шавад. Ғарб пирӯзии Лукашенкоро эътироф накард. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, аз замони оғози эътирозҳо дар кишвар беш аз 30 ҳазор нафар боздошт шуда мавриди латукӯб қарор гирифтанд ва чанд нафар кушта шуд. Бисёр раҳбарони мухолифон ҳоло ё дар зиндон ҳастанд ваё маҷбур шуданд тарки кишвар кунанд. Ҳю Уилямсон, раҳбари барномаҳои HRW дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ гуфт, «мақомот ба ҷои он ки барои риояи қонун ва адолат талош кунад, бо ёрии сохторҳои ҳифзи қонун даст ба саркӯби бераҳмона зада, журналистонеро, ки дар ин бора менависанд, таъқиб мекунанд». HRW мегӯяд, дар Беларус аз моҳи сентябр то март дастикам 18 парвандаи ҷиноӣ алайҳи журналистон боз шудааст ва, «зоҳиран, ин амали интиқомҷӯёна барои иҷрои вазифаҳои касбии онҳо мебошад». Се журналист аз якуним то 2 соли зиндон гирифтанд ва ҳафт нафари дигар мунтазири ҳукми додгоҳ мебошанд. Журналистон, аз ҷумла, дар вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, фирор аз пардохти андоз ва дахолат ба кори полис гунаҳгор шудаанд. Инчунин дар гузориш дар бораи қарорҳои аз кишвар хориҷ кардани журналистон ҳам хабар дода мешавад. Моҳи октябр ВКХ Беларус қоидаҳои нав ҷорӣ карда, шароити аккредитатсия ё сабтиноми журналистонро шадидтар кард. Анҷумани журналистони Беларус мегӯяд, аз августи порсол то имрӯз тахминан 400 корманди матбуот дар нақзи қонунҳои маъмурӣ гунаҳгор шудааст.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *