Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Интиқоли борҳои Чин тавассути роҳҳои оҳани Русияву Осиёи Марказӣ афзоиш ёфт

Бо афзоиши арзиши интиқоли борҳо тавассути роҳҳои баҳрӣ, ширкатҳои чинӣ барои интиқоли борҳояшон ба Аврупо ҳарчи бештар аз роҳҳои оҳани Русияву Осиёи Марказӣ истифода мекунанд. Нашрияи Financial Times мегӯяд, дар давоми ду моҳи аввали соли 2021 аз Чин ба Аврупо 2 ҳазор қатори борбар мол бурдааст, ки ин ду баробар бештар назар ба ҳамин давраи соли 2020 мебошад. 


Як ширкати интиқолдиҳандаи бор дар шаҳри шарқии Йивии Чин ба нашрияи амрикоӣ гуфтааст, ки дар давраи пандемия талабот ба дастгоҳҳои электронӣ ва ҳама гуна таҷҳизоти хонагӣ афзоиш ёфт. Дар ҳамин давра ҳам кирояи роҳҳои баҳрӣ боло рафт ва ба гуфтааш, 20 то 30 дарсади ширкатҳои муштарии он тасмим гирифтанд, ки борҳои худро тавассути роҳи оҳан ба хориҷа интиқол диҳанд.


Баъди он ки дар обҳои канали Суэз дар як ҳафтаи гузашта киштии азими борбаре дармонду пеши роҳи ҳаракати маъмулии 300 киштии дигарро гирифт, таваҷҷӯҳ ба роҳҳои баҳрӣ ҳам зиёд шуд. Ин канал осонтарин роҳи дастрасии борҳо аз Осиё ба Аврупо ба шумор меравад. Вале бо ин вуҷуд, ширкати интиқолдиҳандаи борҳои чинӣ гуфтааст, ки баъди анҷоми давраи пандемия ба эҳтимоли зиёд вазъият ба шакли пешинааш бармегардад ва дубора интиқоли борҳо аз роҳҳои обӣ зиёд мешавад.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *