Истиқболи Байден ва Бачелет аз ҳукми айбдоркунанда дар қазияи куштори Флойд
Як навори видеоие, ки баъди марги Флойд дар шабакаҳо паҳн шуд, саҳнаи дар рӯи замин бо шикамаш пахш шудани Флойди африқоитабори 46-сола ва ба гарданаш бо фишор зер кардани Шовини сафедпӯстро ба намоиш гузошт. Ба Шовин, ки 45 сол дорад, то 40 соли зиндон таҳдид мекунад. Ҳукми ӯ дар ду моҳи оянда содир хоҳад шуд. Эҳтимолан ӯ аз болои ин ҳукм ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят кунад.
Вале ҳукми айбдоркунандаи ҳайати доварон мавриди истиқболи мардум дар додгоҳи Миннеаполис шуд. Саҳнаи қироати ҳукмро ба таври зинда тавассути телевизион намоиш доданд.
Комиссари ҳуқуқи башари СММ Мишел Бачелет ҳукмро истиқбол кард ва гуфт, ки “ҳама гуна ҳукми дигар масхараи адолат мебуд”. Дар Миннеаполис ва дигар шаҳрҳо бисёриҳо ба ин андеша буданд, ки дар сурати содир шудани ҳукми сафедкунанда эътирозҳои давомдори навбатӣ дар пеш аст. Қазияи марги Флойд боиси раҳпаймоиву эътирозҳои чандинмоҳа дар саросари ИМА шуд ва баробар бо ин хушунату ғоратгарӣ ҳам дар пай дошт.