Додгоҳе дар Русия фаъолияти созмонҳои марбут ба Навалнийро қатъ кард
Дар изҳороти Жданов инчунин хулосаҳои хаттии додситонҳо ҳам илова шудааст. Додситонии Маскав дар ин хулосаҳояш навиштааст, ки ФБК ва ду созмони дигари марбут ба Навалний, аз ҷумла, Бунёди ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандон ва дафтарҳои минтақавии Навалний “тундгаро” буда, “ба фаъолиятҳое даст мезанад, ки ба бесубот кардани вазъи иҷтимоӣ” равона шудааст. Дар заминаи баста шудани ФБК ҳанӯз қароре содир нашудааст.
Ин амали додситонҳо аз ҷониби созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсони маҳалливу байналмилалӣ маҳкум шуд. Ҳомиёни ҳуқуқ гуфтанд, ки “тундгаро” номида шудани созмонҳои Навалний ба кормандонаш бо 6 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.