Лоиқ Шералӣ 80 сол пеш дар Мазори Шариф ба дунё омад, 21 сол қабл дар Душанбе даргузашт ва ҳоло дар оромгоҳи Лучоб орамидааст. Мухолифон дар ашъори ӯ танқиди низомро меҷӯянд, корафтодагон – фарёдрасро, ошиқон – изҳори муҳаббат ва муҳоҷирон – ғами ғурбатро.