Муттафиқи Навалний гуфт, ки саломатии ӯ беҳтар шудааст
Алексей Навалний як мунаққиди бисёр шадидлаҳни Кремлин аст ва соли гузашта бар асари заҳролудшавӣ бо заҳри навъи низомии “Новичок” дар Олмон табобат гирифт. Вақте 17-ми январи имсол ба Маскав баргашт, боздошт шуд ва чанд ҳафта баъд бо қарори додгоҳ ба 2,5 соли зиндон маҳкум гардид. Мақомот гуфтанд, ки Навалний қарори додгоҳ аз соли 2014-ро дар бораи ҳабси шартӣ вайрон кард. Худи Навалний дар заҳролудкунии худ президент Владимир Путинро гунаҳгор кард. ФСБ ва Кремлин ин иттиҳомотро рад кардаанд. Бар асоси тағйирот ба қонунгузории Русия, ки онро ҳафтаи гузашта Путин имзо кард, афроди марбут ба созмонҳое, ки тамғаи экстремистӣ гирифтаанд, дар интихобот иштирок карда наметавонанд. Ин қонун амалан ба мақомот имкон медиҳад, ки ҳама гуна мухолифон ва дигарандешонро аз имкони ширкат дар интихобот маҳрум кунанд.