Матбуот: Русия дар талоши таъмини Эрон бо маҳвораи пешрафта аст
Ин хабар дар ҳоле нашр шуд, ки талошҳои байналмилалӣ барои дубора ба иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ водор кардани Эрон идома дорад. Рӯзи 16-уми июн дар Женева қарор аст инчунин нахустин гуфтугӯи президенти ИМА Ҷо Байден ва раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин барпо шавад.
Байден, ки аллакай сафари аврупоии худро шурӯъ кардааст, аз нуфуз ва фаъолиятҳои Русия ҳамчун таҳдид ба низом ва амнияти байналмилалӣ ҳушдор дод. Washington Post навишт, ки вазорати хориҷаи Русия ба дархости шарҳи ин хабарҳо посух надод.
Низомиёни эронӣ дар талоши ин ҳастанд, ки як таҷҳизоти бисёр қавиро ба мадор бароранд. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта маҳвораи “Нур-1” бомуваффақият ба мадор баромад.