Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

ИМА аз таҳрим озод шудани бархе мақомоти эрониро шарҳ дод

Ҳукумати ИМА се мақомдори эрониву ду ширкатро, ки бо тиҷорати маҳсулоти нафтӣ мушғул аст, аз таҳрим озод кард. Қарори мазкур 10-уми июн эълон шуд ва дафъатан суолҳоеро дар заминаи ин ки то куҷо  ин тасмимҳо ба ҷараёни музокироти бозгашти ИМА ба созиши ҳастаӣ бо Эрон аз соли 2015 марбут аст, эҷод кард. Нед Прайс, сухангӯи  Департаменти давлатӣ гуфт, ки ба ин музокирот рабте надорад ва ин як бахши  маъмулии кор аст. Дар изҳороти Идораи назорат аз дороиҳои хориҷии ИМА гуфта шуд, ки аз феҳристи таҳримшудаҳо хориҷ кардани ин шахсону ширкатҳо  натиҷаи “тағйири рафтор ё мақоми  ин ҷонибҳо ва ҳам намоиши ӯҳдадории ҳукумати ИМА ба бекор кардани  таҳримҳо  дар ҳолати тағйири рафтор кардани таҳримшудаҳо мебошад”.   


Прайс инчунин гуфт, ки тими музокиротии ИМА ба даври шашуми гуфтугӯҳо ба Вена бармегардад. Ӯ гуфт, ки пешравиҳо ҳастанд, вале ҳамоно баъзе масъалаҳо ҷонибҳоро ба ду тақсим кардааст. Музокиракунандаҳо аз Бритониё, Фаронса ва Олмон ва ҳам дигар қудратҳо аз моҳи апрели имсол ба гуфтугӯ пардохтаанд, то ки дубора ИМА ба созиш баргардад ва Эрон ҳам аз ҷониби худ ба иҷрои тааҳҳудоти ҳастаиаш пойбанд шавад.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *