Даъвати Парлумони Аврупо ба таҳримҳои сахт алайҳи режими “ҷиноии” Беларус
Иттиҳоди Аврупо дар се даври таҳримҳо 88 шахс ва ҳафт ширкати беларусӣ, аз ҷумла худи президент Александр Лукашенкоро таҳрим кард, ки иддаои ӯ дар заминаи пирӯзӣ дар интихобот боиси эҷоди эътирозҳои сартосарӣ шуд. Пеш аз он ки рӯзи 23-уми май Минск ҳавопаймои ширкати Ryanair-ро фуруд овард, Иттиҳоди Аврупо дар андешаи ҷорӣ кардани бастаи чоруми таҳримҳо буд. Дар қатъномаи нашршуда режими Беларус “ғайриқонунӣ ва ҷиноӣ” номида шудааст.