Порлумони Қазоқистон муҳлати иҷораи "Байконур" аз сӯи Русияро то соли 2050 дароз кард
Маҷмааи "Байконур" аз истгоҳи парвози киштиҳои кайҳонӣ ва шаҳри Байконур иборат буда, онро Русия аз соли 1994 аз Қазоқистон ба иҷора гирифтааст. Иҷорапулии ҳамасолаи он, ки тибқи қарордод мӯҳлати он то соли 2050 муайян шуд, 115 миллион доллар мебошад.
Дар ҳоли ҳозир, "Баконур"-и Қазоқистон ягона пойгоҳе аст, ки Русия метавонад аз он мушакбари "Союз-2"-ро партоб кунад.