Байден аз мухолифони Лукашенко ҳимоят кард
"Як сол пеш рӯзи 9-уми август шаҳрвандони Белорус талош карданд, ки садои онҳо шунида шавад ва ояндаи онҳоро интихоботи демократӣ ҳал кунад",- омадааст дар изҳороти президенти ИМА. Ҷо Байден гуфтааст, дар ивази ин, ки иродаи мардуми Белорус шунида шавад, режими Лукашенко ба тақаллуб даст зад ва дар идома таъқибҳоро ҷорӣ кард.
ИМА дар якҷоягӣ бо муттаҳидонаш ҳимояи ҳуқуқи инсон ва озодии баёнро идома медиҳад. Байден гуфт, дастур додааст, нисбати чанде аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Белорус, таҳримҳои нав ҷорӣ карда шавад.
Президент ИМА илова кардааст, ки дар мулоқоти чанд рӯз пеш бо роҳбари мухолифони Белорус Светлана Тихановская ваъда додааст, ки ИМА бо мардуми Белорус аст.
Вазорати молияи ИМА то кунун нисбати чанде аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Белорус бузургтарин таҳримҳоро ҷорӣ кардааст.
Миёни таҳримшудаҳо - Кумитаи миллии олимпии Белорус низ ҳаст, ки дар пулшӯӣ, саркашӣ аз таҳримҳо ва давр задани мамнуияти виза айбдор мешавад.
Дар таҳримҳои нави ИМА ба ҷуз аз чанд ширкат 23 шахси воқеӣ, аз ҷумлаи тоҷирон ва мансабдорон шомил ҳастанд.