Полшаю Латвия ҳам бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ рӯбарӯ шуданд
Марзбонони Полша дар изҳороте 9-уми август гуфтанд, ки аз 6-уми август ба ин тараф 349 муҳоҷири ғайриқонуниро, ки аз Беларус омадаанд, боздошт карданд. Ба иттилои вазорати умури дохилии Латвия, дар рӯзҳои 6 то 9-уми август 218 муҳоҷир, аксар ироқиҳо боздошт шуданд. Нахуствазири Латвия гуфт, ки аз пешниҳоди вазири умури дохилӣ пуштибонӣ мекунад ва бояд дар қитъаи сарҳади ин кишвар бо Беларус ҳолати изтирорӣ ҷорӣ шавад. Полша, кишварҳои назди Балтика ва мақомоти Иттиҳоди Аврупо гуфтанд, ки мавҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ бо амри раҳбари худкомаи Беларус Александр Лукашенка чун қассосгирӣ аз таҳримҳои аврупо барои саркӯби ҳаракатҳои демократӣ фиристода мешаванд.