USAID барои рушди тиҷорати ОМ $ 19 млн дод
Дар изҳороти матбуотии USAID омадааст, ки тарҳи мазкур барои расидан ба се ҳадафи стратегӣ мусоидат мекунад. Ин - фаъолият барои ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ ва сарҳадӣ бо мақсади кам кардани хароҷоту вақти интизорӣ, муколамаи байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ ба хотири ислоҳоти судманд, ки ба афзоиш ва ҷалби бештари сармоягузорӣ мусоидат мекунад ва ниҳоят фаъолият ҷиҳати афзоиши тиҷорати фаромарзӣ байни ширкатҳои минтақа ва ҷаҳон мебошанд.
USAID мегӯяд, аз соли 1991 то имрӯз ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 1 миллиард доллар кӯмак кардааст ва 650 миллион доллари ин маблағ тавассут Агентии рушди байалмилалӣ дода шудааст.