Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо сафар кард

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои дидору мулоқот бо раҳбарони Иттиҳоди Аврупо ва баъзе аз кишварҳои аврупоӣ ба шаҳри Брюссел пойтахти Белгия сафар кардааст.


Дар ин бора рӯзи 10-уми октябр хабаргузории давлатии Ховар хабар дод. Ба гуфтаи дипломатҳои тоҷик, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ин сафар бо мақомоти Иттиҳоди Аврупо ва Белгия масоили ҳамкориҳои дуҷониба, авзоъ дар минтақа ва бахусус вазъи Афғонистони ҳамсояро баррасӣ мекунад.


Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13-уми октябр ба Париж меравад ва дар онҷо бо Эманнуэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса мулоқот хоҳад дошт. Пештар аз ин сафар намояндагони як созмони вобаста ба мухолифини тоҷик дар хориҷа аз раҳбарияти Порлумони Аврупо хостаанд, ки шаш талаби онҳоро дар мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон дар миён бигузоранд. 


Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ, қароргоҳаш дар Лаҳистон, рӯзи 8-уми октябр дар нома ба Порлумони Аврупо гуфтааст, аз Эмомалӣ Раҳмон тақозо кунанд, ки мухолифони сиёсии зиндонияшро озод намояд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар кишвар ҳеч гуна зиндонии сиёсӣ нест.


Дар нома хоста шудааст, "ҳукуматро аз чанголи хонаводааш раҳо созад; ба дархости созмонҳои байнулмилалӣ дар бораи озод кардани мухолифони сиёсӣ посух диҳад; фаъолияти аҳзоби сиёсӣ ва гурӯҳу ҷунбишҳо дар кишвар озод бошад; ҳукумат ва шахси Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни асосӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи башарии ҷаҳонӣ пойбанд гарданд; шаҳрвандони бепаноҳи афғонистонӣ билофосила дар кишвар ҷой дода шаванд."


Раисҷумҳури Тоҷикистон 25-уми августи имсол, пас аз эъломи мавқеаш дар баробари "Толибон", бо президенти Фаронса ва намояндагони дигари Иттиҳоди Аврупо суҳбати телефонӣ дошт. Он замон ҳукумати Фаронса гуфт, Раҳмон 13-уми октябр бо даъвати президент Эммануэл Макрон, ба Париж сафар хоҳад кард.


Шарл Мишел, президенти Шӯрои Аврупо, низ рӯзи 26-уми август дар Твиттер навишт, ки президент Раҳмонро моҳи октябр ба Брюссел даъват кардааст. Давлати Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳеч гоҳ ҳукумати Толибонро ба расмият намешиносад, ё ба ин шарт, ки дар он намояндагони аққалиятҳои миллӣ ва бахусус тоҷикон саҳми сазовор дошта бошанд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *