Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Аз Чин то Қатар. Панҷ чорабинии бузурги варзишӣ дар соли 2022 кадомҳоянд?

Соли 2022 бо мусобиқоти бузурги варзишӣ - Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Чин - оғоз гардида, бо Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар ба анҷом мерасад. Сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар бораи муҳимтарин чорабиниҳои варзишии имсола гузориш долааст.



Бозиҳои зимистонаи олимпӣ


Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ аз 4-ум то 20-уми феврал дар шаҳри Пекини Чин баргузор мешавад. Дар таърихи ҳаракати олимпӣ Пекин ягона шаҳре хоҳад шуд, ки ҳам Бозиҳои олимпӣ (2008) ва ҳам Бозиҳои зимистонаи олимпиро (2022) мизбонӣ мекунад.



Ба барномаи бозиҳо 7 намуди варзиш (15 равияи варзишӣ) ворид гардидааст. Иштироки беш аз 4000 варзишгар аз 95 кишвари дунё дар назар аст. Онҳо барои 109 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд.



Ду варзишгари тоҷик аз намуди лижаронӣ – Баҳриддин Ғоибов ва Саидашраф Эшонов, ки аз дастгирии молиявии олимпӣ бархӯрдоранд, барои ба даст овардани роҳхат ба Олипиадаи Пекин-2022 талош меварзанд.



Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ


Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ моҳи августи соли 2021 ба нақша гирифта шуда буд. Баъдан бо сабаби таъхири Бозиҳои олимпии Токио ба як моҳ дертар гузаронида шуд. Вале авҷи дигарбораи пандемияи коронавирус сабаб гардид, дастандаркорон эълон карданд, ки бозиҳо соли 2022 баргузор мешавад.



Ба ин тартиб, панҷумин давраи Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ аз 9-ум то 18-уми август дар шаҳри Қунияи Туркия доир мегардад. Ба барномаи бозиҳо 20 намуди варзиш – 16 намуди олимпӣ ва 4 намуди ғайриолимпӣ – ворид шудааст. Дар бозиҳо варзишгарони беш аз 50 кишвар иштирок хоҳанд кард.



Бозиҳои Осиё


Бозиҳои XIX Осиё рӯзҳои 10-25-уми сентябр дар шаҳри Ҳангжоуи Чин ба нақша гирифта шудааст. Ба барномаи бозиҳо 40 намуди варзиш дохил аст: 28 намуди олимпӣ ва 12 намуди ғариолимпӣ.



Беш аз 10 000 варзишгар аз 44 кишвари қораи Осиё, инчунин варзишгарон аз давлатҳои Уқёнус дар баъзе намудҳои варзиш ширкат меварзанд. Ба варзишгарон аз кишварҳои Уқёнус, ки ҷоизадор мешаванд, медалҳои ифтихорӣ супорида хоҳад шуд.



Ҷоми ҷаҳонии футбол


Соли 2022 бо баргузории мусобиқоти қаҳрамонӣ ё Ҷоми ҷаҳонии  футбол анҷом меёбад. Мухлисони варзиши шумораи 1-и ҷаҳон аз 2-юми ноябр то 18-уми декабр шоҳиди ҳунарнамоии беҳтарин футболбозони сайёра хоҳанд гашт.



Сабқат миёни 32 дастаи беҳтарини ҷаҳон дар 5 шаҳри Қатар доир мегардад. Қатар барои баргузор кардани бозиҳои Ҷоми ҷаҳон ҳашт варзишгоҳи нав бунёд кардааст.



Бозиҳои Осиё миёни наврасон


Пас аз ду моҳи Бозиҳои Осиё, Чин дар шаҳри Шантоу Бозиҳои III Осиё миёни наврасонро баргузор мекунад. Варзишгарони навраси қора рӯзҳои 20-28-уми декабр аз рӯи 15 намуди варзиш, аз ҷумла 12 намуди олимпӣ, барои медалҳо мубориза хоҳанд бурд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.


Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *